Ибриён боби 11

Роҳҳои  имони  қадимиён.

  1. Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.
  2. Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд.
  3. Бо имон мо дарк мекунем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтааст, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадааст.

1. Замонҳои  нахустпадарон.

  1. Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ў шаҳодат пайдо кард, ки ў одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ў шаҳодат дод; бо он ў баъд аз мамоташ ҳанўз ҳам сухан меронад.
  2. Бо имон Ҳанўх тавре кўчонида шуд, ки мамотро надид; ва ў пайдо нашуд, чунки Худо ўро кўчонид. Зеро ки пеш аз кўчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст.
  3. Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сўи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ў ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
  4. Бо имон Нўҳ дар хусуси чизе ки ҳанўз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ў ҷаҳоро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.

2. Замонҳои  сарқабилагон.

  1. Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ў рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.
  2. Бо имон ў дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;
  3. Зеро ў мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳакаме дорад, ва меъмору бинокор он Худост.
  4. Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.
  5. Бинобар ин аз як нафар ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисьёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисьёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.
  6. Ҳамаи инҳо дар имон мурдаанд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд;
  7. Зеро онҳое ки чунин мегўянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷўи ватан ҳастанд.
  8. Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоваранд, фурсат доштанд, ки баргарданд;
  9. Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ў барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
  10. Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,
  11. Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд:’’Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд’’;
  12. Зеро ў фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ў баргардонида шуд.
  13. Боимон Исҳоқ Яъқуб ва Эсовро барои оянда низ баракат дод.
  14. Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такья намуда, саҷда кард.
  15. Бо имон Юсуф, дар вақти вафоташ, хуруҷи банӣ-Исроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.

3. Замонҳои  Мусо  ва  Еҳушаъ  ибни  Нун.

  1. Бо имон падару модари Мусо ўро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кўдак зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд.
  2. Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад,
  3. Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал дониста аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад,
  4. Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медўхт.
  5. Бо имон ў Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ў, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд.
  6. Бо имон ў фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад.
  7. Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хушкӣ, гузаштанд, вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд.
  8. Бо имон деворҳои Ереҳў пас аз даврзании ҳафтрўза фурў ғалтид.
  9. Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро ба саломатӣ қабул карда буд, бо исьёнгарон ба ҳалокат нарасид.

4. Дертарин  таърихи  Исроил.

  1. Боз чӣ гўям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъўн ва Бороқ ва Шимшўн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,
  2. Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд,
  3. Қуввати оташро хомўш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;
  4. Занон мурдаҳои худро эҳьёшуда ёфтанд; вале дигарон аз шиканҷа нобуд шуданд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳьёи беҳтаре ноил гарданд;
  5. Ва баъзе дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.
  6. Сангсор шуданд, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пўстҳои гўсфанду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мўҳтоҷӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд;
  7. Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кўҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гаштанд.
  8. Ва ҳамаи онҳо, ки ба хотири имон шўҳрат пайдо карда буданд, ваъдаро соҳиб нашуданд,
  9. Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s