Ибриён боби 10

Исо  ба  воситаи  Қурбонии  Ҷолҷолто  имондоронро  ба  сурати  абадӣ  аз  гуноҳҳо  озод  кард.

  1. Зеро шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, тақдимкунандагонро комил гардонад.
  2. Вагарна, ба тақдим кардани онҳо хотима медоданд, чунки тақдимкунандагони қурбонӣ як бор татҳир ёфта, дигар ҳеҷ идроки гуноҳҳоро намедоштанд.
  3. Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;
  4. Зеро аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад.
  5. Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда мегўяд:’’Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;
  6. Қурбонии сўхтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд.
  7. Он гоҳ гуфтам:“Инак, меоям,-чунон ки дар тўмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам“‘‘.
  8. Аввал мегўяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сўхтанӣ ва қурбонии хаторо,-ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд;
  9. Баъд, илова намуда, гуфтааст:’’Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам’’. Ў якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд.
  10. Ба ҳасби ҳамин иродаи мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.
  11. Ва ҳар коҳин ҳар рўз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд.
  12. Ў як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,
  13. Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ў андохта шаванд.
  14. Зеро ки Ў ба василаи як қурбонӣ тақдисшавандагонро то абад комил гардондааст.
  15. Рўҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шудааст:
  16. ‘‘Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст, мегўяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт ва дар афкори онҳо хоҳам навишт,
  17. Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард’’.
  18. Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо аст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.

Даъват  ба  вафодорӣ  ба  Масеҳ  ва  Калисо  ҳатто  дар  шароити  таъқибот.

  1. Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,
  2. Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ў барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,
  3. Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,
  4. Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
  5. Ва эътирофи- умеди худро собиқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;
  6. Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,
  7. Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рўзро мебинед.

Қурбониҳои  яҳудиён  аҳамияти  худро  гум  кардааст,  ва  одил  бо  имон  хоҳад  зист.

  1. Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад,
  2. Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки хасмҳоро ба коми худ хоҳад кашид.
  3. Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси баёноти ду ё се шоҳид бе марҳамат ба қатл расонда мешуд,
  4. Пас, ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он тақдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рўҳи файзро таҳқир менамояд?
  5. Зеро мо Ўро мешиносем, ки гуфтааст:’’Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегўяд Худованд’’. Ва боз:’’Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард’’.
  6. Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!
  7. Айёми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони уқубатҳоро бардоштед,
  8. Дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни хориҳо ва андўҳҳо ба тамошогоҳе барои дигарон мубаддал мешудед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд;
  9. Зеро ки шумо ба занҷирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.
  10. Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.
  11. Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;
  12. Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.
  13. Одил бо имон хоҳад зист; ва агар касе рўй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷўҳ нахоҳад кард.
  14. Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s