Ибриён боби 1

Ваҳйи  хотимавии  Худо  дар  Писар.

  1. Худое ки аз қадимулаём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,
  2. Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ўро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ў ба вуҷуд овард.
  3. Пасараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ў буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,

Бартарии  Исои  аз  фариштагон.

  1. Ва чӣ қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.
  2. Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст:’’Ту Писари Ман ҳасти; Ман имрўз Падари Ту шудаам’’? Ва боз:’’Ман ба Ў Падар хоҳам буд, ва Ў ба Ман Писар хоҳад буд’’?
  3. Ва боз вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегўяд:’’Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ўро парастиш кунанд’’.
  4. Дар бораи фариштагон гуфта шудааст:’’Фариштагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба оташи сўзон’’
  5. Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст:’’Тахти Ту, эй Худо, то абад аст ва асои садоқат асои салтанати Туст’’
  6. ‘‘Адолатро дўст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст’’.
  7. Ва боз:’’Дар замони қадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.
  8. Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда- ҷиғда хоҳанд шуд.
  9. ‘‘Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид, ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд. Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд’’.
  10. Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст:’’Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам’’?
  11. Оё ҳамаи онҳо рўҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s