Дуюм Қӯринтиён боби 8

Меҳмоннавозӣ  ва  ионатҳо  далели  муҳаббати  масеҳӣ  мебошанд.

  1. Шуморо, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба калисоҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоям;
  2. Зеро ки дар миёни имтиҳони бузурги андўҳҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар ҳиммати баландашон пурра зоҳир шуд;
  3. Зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо алоқадри қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд:
  4. Онҳо бо камоли исрор аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд;
  5. Ва на фақат ба тавре ки мо чашм доштем, балки худашонро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва сонниян ба мо низ мувофиқи иродаи Худо;
  6. Бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудаем, ки ў, чӣ тавре сар кардааст, ҳамон тавр кори хайрро ҳам дар миёни шумо ба анҷом расонад.
  7. Аммо, чун ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунӣ доред, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзунӣ зоҳир намоед.
  8. Инро ба таври фармон намегўям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям.
  9. Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ў сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ў сарватдор шавед.
  10. Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ки ин ба шумо фоиданок аст, чунки на танҳо ба ин кор шурўъ намудаед, балки соли гузашта онро орзу ҳам карда будед.
  11. Ва акнун худи корро низ ба охир расонед, то ки он чи шумо орзуи ба амал овардан доштед, алоқадри ҳолатон анҷом ёбад.
  12. Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рўи он чи ў дорад, мақбул меафтад, на аз рўи он чи ў надорад.
  13. На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ:
  14. Алҳол зиёдтии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки баъд зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд,
  15. Чунон ки навишта шудааст:“Касе ки бисьёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷамъ карда буд, камӣ надошт“.
  16. Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст,
  17. Зеро ки ў ва илтимоси мо гўш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сўи шумо равона шуд.
  18. Бо ў мо бародареро равона крдем, ки дар ҳамин калисоҳо барои башорат лоиқи таҳсин гардидааст,
  19. Ва ғайр аз ин, аз ҷониби калисоҳо таъин шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳӣ кунад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва мувофиқи ҷидду ҷаҳди шумо ба ҷо меоварем,
  20. Ва эҳтиёт мекунем аз он ки касе дар ҳаққи мо бўҳтоне нагўяд, оид ба ин ионати фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад;
  21. Зеро ки мо кори некро на танҳо ба ҳузури Худованд, балки пеши мардум низ пешбинӣ мекунем.
  22. Бо онҳо мо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ўро дар бисьёр чизҳо дафъаи бисьёр интиҳон намудаем, ва алҳол ҷидду ҷаҳдаш, азбаски ў ба шумо эътимоди бузург дорад, боз ҳам зиёд шудааст.
  23. Дар хусуси Титус бошад, ў рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар хусуси бародарони мо бошад, онҳо фиристодагони калисоҳо ва ҷалоли Масеҳ мебошанд.
  24. Пас, муҳаббати худро, ва он фахреро, ки мо аз шумо дорем, пеши калисоҳо ба онҳо исбот кунед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s