Дуюм Қӯринтиён боби 7

Ғами  дуньёвӣ  мамотро  ба  амал  меоварад,  вале  ғаме  ки  Худо  додааст,  тавбаро  дар  роҳи  наҷот  ба  амал  меоварад.

  1. Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рўҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
  2. Дар дилҳои худ ба мо ҷой диҳед: мо касеро наранҷондаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем.
  3. На аз барои мазаммат мегўям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то ки бо ҳам бимирем ва бо ҳам зист кунем.
  4. Умеди ман аз шумо бисьёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми андўҳи мо, пур аз тасалло ҳастам ва шодии фаровон дорам.
  5. Зеро, вақте ки ба Мақдуния ҳам омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сў ба фишор дучор шудем: аз берун ҷидолҳо, аз дарун ҳаросҳо буд.
  6. Аммо Худое ки ба фурўтанон тасалло мебахшад, бо омадани Титус моро тасалло дод,
  7. Ва на танҳо бо омаданӣ ў, балки бо он тасаллое низ, ки ў дар шумо ёфта буд, вақте ки аз иштиёқмандии шумо, аз навҳаи шумо ва аз рашке ки шумо дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ба тавре ки ман боз зиёдтар шод шудам.
  8. Бинобар ин, агар шуморо бо нома ғамгин карда бошам, пушаймон нестам, гарчанде ки пештар пушаймон шуда будам; зеро дидам, ки он нома шуморо ба соате бошад ҳам, ғамгин кард.
  9. Алҳол ман шодам на аз он ки шумо ғамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ки ғами шумо аз тарафи Худо буд, ба тавре ки аз мо ҳеҷ зиёне надидаед.
  10. Зеро ғаме ки Худо додааст, табваро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.
  11. Зеро бубинед, ки ғами Худо додаро хўрданатон чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна шавқро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.
  12. Хуллас, агарчи ман ба шумо навишта будам, ин на аз барои золим ва на аз барои мазлум, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо ба ҳузури Худо ба шумо ошкор гардад.
  13. Ба ин сабаб мо аз тасаллои шумо тасалло ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки ҳамаатон рўҳи ўро ором кардаед.
  14. Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ў аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад.
  15. Ва дили ў боз ҳам зиёдтар сўи шумо моил мешавад, вақте ки фармонбардории ҳамаатонро ба ёд меоварам, ки чӣ гуна шумо ўро бо тарсу ларз пазироӣ намудаед.
  16. Пас шодмонам, ки дар ҳар бобат метавонам аз шумо дилпур бошам.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s