Қуввати хизматгузорӣ ба Худо аз каломи ростӣ иборат аст.
- Мо, ки мададгорони Ў ҳатем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.
- Зеро ки Ў мегўяд:“Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рўзи наҷот ба ту мадад кардам“. Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рўзи наҷот аст.
- Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад,
- Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мўҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,
- Дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошўбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рўзадориҳо,
- Дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар Рўҳулқудс, дар муҳаббати бериё,
- Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,
- Дар шараф ва бешрафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо амин ҳастем;
- Мисли номашҳур, лекин мо ба ҳама машҳур ҳастем; мисли мурдагон, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемирем;
- Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьёр касонро сарватдор мегардонем; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем.
Имондорон аз палид шудан ба воситаи гуноҳкорон худро нигоҳ доранд.
- Даҳони мо, эй қўринтиён, сўи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст.
- Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст.
- Дар ивази ин, чун ба фарзандони худ мегўям, шумо низ бояд фарохдил бошед.
- Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?
- Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад?
- Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст:“Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
- Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегўяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;
- Ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегўяд Худованди Қодири Мутлақ“.
© IBT 1992