Дуюм Қӯринтиён боби 4

Хизмаргузории масеҳӣ  аз  он  иборат  аст,  ки  одамонро  бо  дониши  ҷалоли  Худо  ба  воситаи  Исои  Масеҳ  равшан  намоем.

  1. Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рўи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;
  2. Аммо чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем.
  3. Вале агар башорати мо пўшида бошад, он барои нобудшавандагон пўшида аст,
  4. Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, токи нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ў сурати Худост, барои онҳо надурахшад.
  5. Зеро ки мо на худро, балки Исои Масеҳро мавъиза менамоем, ки Ў Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Масеҳ,
  6. Зеро Худое ки гуфт:“Аз зулмот нур бидурахшад“, Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо др шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.
  7. Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;

Таъқибот,  уқубатҳо  ва  мамоте  ки  имондорон  ба  хотири  Масеҳ  аз  сар  мегузаронанд,  ҷалоли  абадиро  ба  вуҷуд  меоварад.

  1. Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем;
  2. Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;
  3. Ҳамеша мамоти Исои Худовандро дар бадани худ бардошта мегардем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мирандаи мо зоҳир шавад,
  4. Зеро ки мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исои ба мамот супурда мешавем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад.
  5. Бинобар ин мамот дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо.
  6. Аммо азбаски ҳамон рўҳи имон дорем, чунон ки навишта шудааст:“Имон доштам, бинобар ин мегуфтам“, мо низ имон дорем, бинобар ин мегўем,
  7. Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.
  8. Зеро ҳама чиз барои шумост, то файз ки дар бисьёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад.
  9. Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рўз ба рўз нав мешавад.
  10. Зеро уқубати сабуки мо, ки кўтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,
  11. Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s