Дуюм Қӯринтиён боби 3

Қўринтиён  номаи  муаррифии  ҳавворӣ  мебошанд;  ў  ба  ҳеҷ  номаи  дигаре  эҳтиёҷ  надорад.

  1. Наход ки мо боз худро муаррифӣ намоем? Наход ки мо, мисли баъзе касон, ба номаҳои муаррифӣ ба шумо ё аз шумо эҳтиёҷ дошта бошем?
  2. Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд;
  3. Зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиёҳӣ, балки бо Рўҳи Худои Ҳай, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гўшти дил навишта шудааст.
  4. Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ,
  5. На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гўё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,

Хизматгузории  Аҳди  Ҷадид  аз  ҳарфи  мурдаи  шариат  иборат  нест.

  1. Ки Ў ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рўҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рўҳ зинда мекунад.
  2. Лекин агар хизмати мамот, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣ-Исроил наметавонистанд ба рўи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рўи ў, ки фонӣ буд,
  3. Пас оё хизмати Рўҳ ҷалоли зиёдтаре надорад?
  4. Зеро, агар хизмати маҳкумкунӣ ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад.
  5. Зеро ки ҳатто он чи соҳиби ҷалол дониста шудааст, ба сабаби ин ҷалоли афзалиятнок, ҷалоле нахоҳад дошт.
  6. Зеро, агар чизи фонӣ ҷалол дошта бошад, пас чизи бақодор хеле зиёдтар ҷалол дорад.
  7. Бинобар ин мо, чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем,
  8. Ва ма монанди Мусо, ки ба рўи худ парда мепўшид, то ки банӣ-Исроил ба анҷоми чизи фонӣ назар наандозанд.
  9. Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрўз ҳангоми хондани Аҳди қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад.
  10. То имрўз, вақте ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст;
  11. Аммо вақте ки ба Худованд рў меоваранд, парда бардошта мешавад.
  12. Худованд Рўҳ аст, ва ҳар куҷо Рўҳи Худованд аст, он ҷо озодист.
  13. Аммо ҳамаи мо, бо рўи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рўҳ аст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s