Дуюм Қӯринтиён боби 2

Тавбакунандаро  авф  намудан  лозим  аст,  то  ки тасаллӣ  ёбад.

  1. Ва ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз бо ғаму ғусса наоям.
  2. Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ҷуз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст?
  3. Маҳз ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бошанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост.
  4. Зеро ки аз бисьёрии андўҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед.
  5. Ва агар касе сабаби ғамгинӣ шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, то муболиға нашавад, ҳамаи шуморо ғамгин кардааст.
  6. Барои чунин шахс басанда аст ин танбеҳе ки аз касони бисьёр дидааст,
  7. Ва акнун, баръакс, шумо ўро авф намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ўро фурў набарад;
  8. Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ў муҳаббати худро зоҳир намоед.
  9. Зеро маҳз барои ҳамин ҳам навишта будам, то дар амал бидонам, ки оё шумо дар ҳар бобат фармонбардор ҳастед.
  10. Ва касеро шумо авф намоед, ман низ ўро авф хоҳам кард; зеро ки ман низ, агар касеро дар чизе авф карда бошам, ба хотири шумо ба ҳузури Масеҳ авф кардаам,
  11. То ки шайтон моро фирефта накунад; зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нетем.
  12. Ва ҳангоме ки ман ба Трўос омадам, то аз Масеҳ башорат диҳам, агарчи дарвоза барои ман дар Худованд воз шуда буд,
  13. Барои рўҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари худ Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайру маъзур намуда, ба Мақдуния равона шудам.

Худо  ба  имондорон  қувват  мебахшад,  то  ки  дар  Масеҳ  тантана  намояд.

  1. Аммо Худоро шукр, ки Ў ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад ва накҳати дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад.
  2. Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:
  3. Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад?
  4. Зеро мо мисли бисьёр касон нестем, ки каломи Худоро харидуфурўш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s