Дуюм Қӯринтиён боби 13

Имондоронро  лозим  аст,  ки  худро  дар  қувати  файзи  Масеҳ  тафтиш  ва  имтиҳон  кунанд.

  1. Дафъаи сеюм аст, ки назди шумо меоям: бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот хоҳад шуд.
  2. Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, ҳам он вақт, ки дафъаи дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло ки ғоиб ҳастам, таъкид намудаам ва таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон нахоҳам дод.
  3. Шумо далели онро меҷўед, ки оё Масеҳ дар ман сухан меронад: Ў барои шумо оҷиз нест, балки дар миёни шумо боиқтидор аст.
  4. Зеро, агарчи Ў дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст; мо низ дар Ў заиф ҳастем, лекин ҳамроҳи Ў бо қувати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ хоҳем кард.
  5. Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо худро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.
  6. Дар хусуси мо, умедворам, шумо хоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем.
  7. Мо ба Худо тазаррўъ менамоем, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед, на аз барои он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки аз барои он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем.
  8. Зеро ки мо на бар зидди ростӣ, балки фақат барои ростӣ қувват дорем.
  9. Зеро шодӣ мекунем, вақте ки мо заиф ҳастем, вале шумо боқувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегўем.
  10. Аз он сабаб ман инро дар вақти набуданам навиштаам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рўи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на аз барои харобкорӣ, балки барои буньёдкорӣ додааст.

Насиҳатҳои  хотимавӣ. Саломҳо.

  1. Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасалло ёбед, якдил бошед, осоиштагиро ҳизф намоед, ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.
  2. Ба якдигар бо бўсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд.
  3. Файзи Исои Масеҳи Худованд, ва муҳаббати Худо, ва ширкати Рўҳулқудс бо ҳамаатон бод. Омин.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s