Дуюм Қӯринтиён боби 12

Қуввати  файзи  Масеҳ  дар  заъфи  имондорон  ба  амал  меояд.

  1. Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рўъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям.
  2. Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, то осмони сеюм бурда шуд.
  3. Ва ин шахсро мешиносам, оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад,
  4. КИ ба биҳишт бурда шуд ва суханони малокаломе шунид, ки ба одамизод ҷоиз нест онҳоро ифода намояд.
  5. Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям, фахр намекунам.
  6. Зеро, агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегўям; лекин худдорӣ менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад.
  7. Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулодагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам.
  8. Се маротиба ман ба Худованд тазаррўъ намудам, ки онро аз ман дур кунад,
  9. Вале ба ман гуфт:“Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад“. Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.
  10. Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мўҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқуваатам.
  11. Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам: шумо маро маҷбур сохтед. Шуморо лозим буд маро мадҳ менамудед, зеро ки ман аз ҳаввориёни олӣ дар ҳеҷ бобат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам:
  12. Нишонаҳои ҳавворӣ дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломот, мўъҷизот ва қувваҳо нишон дода шуд.
  13. Зеро дар чӣ шумо аз калисоҳои дигар камӣ доред? Магар фақат дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам? Ин гуноҳи маро авф намоед!

Павлуси  ҳаввориӣ  барои  ибрат  гирифтани  имондорон  нома  менависад.

  1. Инак, дафъаи сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро талабгорам. Зеро ки на фарзандон бояд барои падарону модарони худ саришта кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон.
  2. Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод, қатъи назар аз он ки ба бадали муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам.
  3. Фарз кунем, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси муғамбир, шуморо бо макр ба дом даровардаам.
  4. Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам?
  5. Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ў равона кардам: магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рўҳ рафтор накрдаем?
  6. Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтаи шумост.
  7. Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки мехоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки мехоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, хашм, ҷанҷол, бўҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавҷуд бошад;
  8. Мабодо боз, вақте ки оям, Худои ман маро назди шумо ҳақир созад, ва ман азо гирам барои бисьёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, зино ва фисқу фуҷуре ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s