Дуюм Қӯринтиён боби 10

Ҳар  кӣ  фахр  мекунад,  бигзор  бо  Худованд  фахр  кунад.

  1. Лекин ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурўтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям,
  2. Ва илтимос мекунам, ки дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор набарам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне зоҳир созам, ки ба гумонашон мо ба ҳасби ҷисм рафтор менамоем.
  3. Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем;
  4. Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо;
  5. Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем,
  6. Ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад.
  7. Оё аз рўи қиёфа ҳукм мекунед? Агар касе ба худаш эътимод дорад, ки ў аз они Масеҳ аст, бигзор вай боз ҳам аз худаш қиёс гирад, ки чунон ки вай аз они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем.
  8. Зеро, агар ман як қадар зиёдтар фахр намоям аз ихтиёре ки Худованд барои буньёдкорӣ, на барои харобкории шумо, ба мо додааст, хиҷил хоҳам шуд,
  9. То ба назар чунин нанамояд, ки гўё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам,
  10. Чунки мегўянд:“Дар номаҳо ў ҷиддӣ ва зўровар аст, аммо ҳузури шахсии ў заиф, ва нутқаш ночиз аст“,
  11. Чунин шахс бидонад ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чӣ гунае ки бошем, амалан, дар ҳузури шахсӣ низ ҳамон гунаем.
  12. Зеро ки мо ҷуръат намекуем худро бо касони худсито муқоиса намоем ё баробар кунем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд.
  13. Лекин мо берун аз андоза фахр нахоҳем кард, балки ба андозаи он ҳадде ки Худо барои мо муайян кардааст, то ки ба шумо ҳам бирасем.
  14. Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гўё ба шумо нарасида бошем, зеро ки бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем.
  15. Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳадди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш хоҳад ёфт,
  16. То ки дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳадди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем.
  17. Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад.
  18. Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ўро ситоиш мекунад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s