Дуюм Қӯринтиён боби 1

Худо  Падари  марҳамат  ва  ҳар  тасалло.

  1. Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ки ба калисои Худо, ки дар Қўринтўс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд:
  2. Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
  3. Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло,
  4. Ки моро дар ҳар андўҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андўҳгинонро дар ҳар андўҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем.
  5. Зеро ба андозае ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд.
  6. Агар андўҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост;
  7. Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик ҳастед.
  8. Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андўҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем;
  9. Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон,
  10. Ки Ў моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанўз халос мекунад, ва ба Ў умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,
  11. Бо мадади дуое ки шумо низ барои мо мегўед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шукргузор бошанд.
  12. Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.

Ҳамаи  ваъдаҳои  Худо  дар  Исои  Масеҳ  аст.

  1. Ва мо маҳз онро барои шумо менависем, ки шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир хоҳед фаҳмид,
  2. Чунон ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки мо барои шумо мавриди фахр хоҳем буд, чунон ки шумо низ барои мо дар рўзи Масеҳи Худованди мо.
  3. Ва бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед,
  4. Ва аз мавзеи шумо ба Мақдуния гузашта равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудо гусел кунед.
  5. Пас, модоме ки чунин ният доштам, оё бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом менамоям, оё ба ҳасби ҷисм иқдом менамоям, ба таре ки дар ман гоҳ’’оре, оре’’, гоҳ’’не, не’’, мешавад?
  6. Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ ‘‘оре’’, гоҳ ‘‘не’’ набуд.
  7. Зеро Пасари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ўро мавъиза намудаем,’’оре’’, ва’’не’’ набуд, балки дар Ў фақат’’оре’’ буд,
  8. Зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Хидо дар Ў’’оре’’ буд ва дар Ў’’омин’’ буд, барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо.
  9. Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост,
  10. Ки Ў низ моро мўҳр задааст ва гарави Рўҳро дар дилҳои мо андохтааст.
  11. Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қўринтўс наомадаам,
  12. На ба он сабаб ки гўё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s