Дуюм Тимотиюс боби 4

Насиҳати  охирин  дар  бораи  вафодорӣ  ба  мавъиза. Павлус  ба  зудӣ  вафот  карданашро  нигарон  аст.

  1. Пас, туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ў ва ба Малакути Ў қасам медиҳам,
  2. Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омўзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.
  3. Зеро замоне фаро хоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гўшҳо хуш ояд;
  4. Ва гўшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рў хоҳанд овард.
  5. Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо.
  6. Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.
  7. Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;
  8. Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рўз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ўро дўст доштаанд.

Ахборот.  Дар  мурофиа  Павлус  аз  ҷониби  Худо  тавқият  ёфт.

  1. Саъю кўшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ.
  2. Зеро ки Димос ин дуньёро дўст дошта, маро тарк кард ва ба Таслўникӣ равона шуд; Қрисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.
  3. Марқўсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.
  4. Ман Тўхиқўсро ба Эфсўс фиристодам.
  5. Ҳангоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трўас назди Қарпўс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пўстӣ навишта шудаанд.
  6. Искандари мисгар ба ман бисьёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ў хоҳад дод.
  7. Ту низ аз ў эҳтиёт шав, зеро ки ў ба паёми мо сахт муқобилият кард.
  8. Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!
  9. Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.
  10. Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ўро то абад ҷалол бод. Омин.

Саломҳо.

  1. Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифўрус салом расон.
  2. Арастус дар Қўринтўс монд; ва Тродимўсро дар Милитус бемор вогузоштам.
  3. Саъю кўшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Ўвулўс ва Пудис, ва Линўс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.
  4. Исои Масеҳи Худованд бо рўҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s