Дуюм Тимотиюс боби 3

Вайронии  ахлоқи  одамон  дар  замони  охир.

  1. Ва инро бидон, ки дар айёми охир замонаҳои сахт фаро хоҳад расид.
  2. Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падару модарон, ва кўрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл,
  3. Ва номуросо, ва тўҳматчӣ, ва бепаҳрез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,
  4. Ва хоин, ва рўйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дўст медоранд,
  5. Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
  6. Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмиҷозеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғўтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.
  7. Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд.
  8. Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо қиём карда буданд, ончунон инҳо низ, ки мардуми олудафикр ва мардуди имон мебошанд, ба муқобили ростӣ қиём мекунанд.
  9. Аммо бисьёр комьёб нахоҳанд шуд, зеро ки аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор хоҳад шуд, чунон ки дар хусуси Янис ва Ямбрис низ воқеъ шуда буд.

Имони  зинда  бе  таъқибот  намемонад.

  1. Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ,
  2. Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузаронидам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод.
  3. Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд;
  4. Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.

Насиҳат  дар  бораи  пайравӣ  кардани  таълимоти  ҳаввориён  ва  Навиштаи  Муқаддас.

  1. Лекин ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мўътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст;
  2. Ва аз кўдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омўзонад барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.
  3. Тамоми Навиштаҳо аз рўи илҳоми илоҳист ва барои омўзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст,
  4. То ки Марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s