Дуюм Таслӯникиён боби 3

Имондорон  бояд  барои  башорати  Каломи  Худо  дуо  гўянд.

  1. Ба ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гўед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,
  2. Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад.
  3. Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.
  4. Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.
  5. Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.

Калисо  бояд  ба  танбалӣ  ва касони  бекоргард  муқобил  баромада,  тартибро  таълим  диҳад.

  1. Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекоргардӣ мекунад ва на мувофиқи ровояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,
  2. Зеро худи шумо медонед, ки чӣ гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекоргард набудем;
  3. Нони касеро муфт нахўрдем, балки шабу рўз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем,
  4. На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки худамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед.
  5. Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хўрок ҳам нахўрад.
  6. Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекоргардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд мекунанд;
  7. Ба чунин шахсон дар худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихўранд.
  8. Валекин шумо, эй борадарон, аз некўкорӣ монда нашавед.
  9. Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гўш надиҳад, ўро дар хотири худ гирифта монед ва бо ў муошират накунед, то ки хиҷил шавад;
  10. Аммо ўро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.

Салом  бо  дасти  худ  ба  ҳамаи  имондорон.

  1. Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагӣ ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!
  2. Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:
  3. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s