Дуюм Таслӯникиён боби 2

Зоҳир   шудани  муртади  олиҷоҳ  пеш  аз  омадани  дуюми  Масеҳ.

  1. Валекин аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ў
  2. Нагузоред ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рўҳ, на аз калом ва на аз номаи ки гўё мо фиристода бошем дар бораи он ки рўзи Масеҳ фаро расидааст.
  3. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фиреб кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқўъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат зоҳир шавад.
  4. Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбад ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад.
  5. Оё дар хотир надоред, ки вақте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам?
  6. Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вақти муайян зоҳир гардад.
  7. Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло махфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад,
  8. Он гоҳ шарири зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо ба нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад.
  9. Омадани ин шарир бо ҳар гуна қувват ва аломот ва мўъҷизоти сохта аз рўи амали шайтон аст,
  10. Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобушавандагон барои он ки онҳо муҳаббати ростиро қабул накардаанд, то ки наҷот ёбанд.
  11. Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурўғ имон оваранд,
  12. То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дўст доштанд, маҳкум гарданд.

Худованд  тасаллои  имондорон  аст.

  1. Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рўҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.
  2. Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худовандимо Исои Масеҳ ноил шавед.
  3. Пас, эй бародарон, истодагӣ кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо гирифтаед, нигоҳ доред.
  4. Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дўст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст,
  5. Бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s