Ваҳй боби 9

Карнаи  панҷум—малахҳо  ва  фариштаҳои  варта.

  1. Фариштаи панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи варта дода шудааст:
  2. Вай чоҳи вартаро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди танўри бузурге берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд.
  3. Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо он қудрате дода шудааст, ки каждумҳои замин доранд.
  4. Ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне ки бар пешонии худ мўҳри Худоро надоранд.
  5. Ва ба онҳо ихтиёр дода шудааст, ки одамонро накушанд, балки фақат панҷ моҳ азоб диҳанад; ва азоби онҳо монанди азоби каждум аст, вақте ки одамро заҳр мезанад.
  6. Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро нахоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.
  7. Намуди он малахҳо монанди аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар каллаҳошон гўё тоҷҳои тиллое буд, ва рухсораҳошон мисли рухсораҳои одамон;
  8. Ва мўйҳошон мисли мўйҳои занон, ва дандонҳошон мисли дандонҳои шер;
  9. Ва ҷавшанҳошон мисли ҷавшанҳошои оҳанин, ва садои болҳошон мисли тақар -тақари аробаҳои ҷангӣ, вақте ки аспҳои бисьёр ба корзор мераванд;
  10. Онҳо думҳое доштанд мисли каждумҳо, ва дар думҳошон — нешҳо, ва қудраташон ин буд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд.
  11. Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддўн ва ба забони юнонӣ Апўллийўн аст.
  12. Як мусибат гузашт; инак, аз қафои он боз ду мусибат меояд.

Карнаи  шашум—чор  фариштаи  ҳалокатовар.

  1. Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам,
  2. Ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт:“Он чор фариштаро, ки назди дарьёи бузурги Фурот дар қайду банд мебошанд, озод намо“.
  3. Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рўз ва моҳ ва соли муайян тайёр шуда буданд, то ки сеяки одамонро бикушанд.
  4. Шумораи қўшуни савора ду бевари беварҳо буд: ман шумораи онро шунидам.
  5. Ба ҳамин тариқа ман дар рўъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳое ба ранги оташ ва ёқути зард ва кибрит доштанд; каллаҳои аспон мисли каллаҳои шерон буд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад.
  6. Аз ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон мурданд;
  7. Зеро ки қудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, калла доштанд, ва ба воситаи онҳо осеб мерасонданд.
  8. Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва ҷўбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.
  9. Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, зинокорӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s