Ваҳй боби 8

Мўҳри  ҳафтум—хомўшӣ.

  1. Ва ҳангоме ки Ў мўҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомўшӣ барқарор шуд.

Шаш  карнаи  аввалин. Фаришта  бо  маҷмари  тилло  дуоҳои  ҳамаи  муқаддасонро  ба  забон  меронад.

  1. Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст.
  2. Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.
  3. Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддсаон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд.
  4. Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷунбӣ ба вуқўъ омад.
  5. Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.

Карнаи  якум—жола  ва  оташи  омехта  бо  хун.

  1. Фариштаи якум карнай навохт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сўхт, ва тамоми алафи сабз сўхт.

Карнаи  дуюм—кўҳи азими  оташ  дар  баҳр  сарнагун  шуд.

  1. Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кўҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт,
  2. Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.

Карнаи  сеюм—ситораи „Явшон“.

  1. Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурўзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод.
  2. Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.

Карнаи  чорум  ва сеяки  офтоб,  моҳтоб  ва  ситораҳо  зарар  мерасонад.

  1. Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рўз,—ва ҳамчун шаб,—равшан набуд.
  2. Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегўяд:“Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навохт!“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s