Ваҳй боби 7

Пеш  аз  бардоштани  мўҳри  ҳафтум  мўҳр  бар  пешонии  бандагони  Худо.

  1. Ва баъд аз ин чор фариштаи дар чор гўшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ки ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад.
  2. Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби тулўи офтоб сууд менамояд ва мўҳри Худои Ҳайро дорад. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, мегўяд:
  3. „Ба замин, ба баҳр, ба дарахтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мўҳр занем“.

Наҷотёфтагон  аз  дувоздаҳ  сибти  Исроил.

  1. Ва шумораи мўҳр зада шудагонро шунидам: саду чилу чор ҳазор мўҳр зада шудагон аз ҳамаи сибтҳои банӣ-Исроил:
  2. Аз сибти Яҳудо дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Реубен дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Ҷод дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон;
  3. Аз сибти Ошер дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Нафтолӣ дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Менашше дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон;
  4. Аз сибти Шимъўн дувоздаҳ ҳазор мўҳр даза шудагон; аз сибти Левӣ дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Иссокор дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон;
  5. Аз сибти Забулун дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Юсуф дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон; аз сибти Биньёмин дувоздаҳ ҳазор мўҳр зада шудагон.

Имондорон   аз  миёни  ҳамаи  қавмҳо  аз  азоби  азим  наҷот  хоҳанд  ёфт.

  1. Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбўҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.
  2. Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегўянд:“Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!“
  3. Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он пирон ва чор ҳайвон меистоданд, ва пеши тахт бар рўи худ афтода, ба Худо саҷда карданд,
  4. Ва гуфтанд:“Омин! Баракат, ва ҷалол, ва ҳикмат ва сипос, ва шавкат, ва қудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин“
  5. Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, аз ман пурсид:“Ин сафедпўшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?“
  6. Ба ў гуфтам:“Эй оғо, ту медонӣ“. Ва ў ба ман гуфт:“Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;
  7. Биноар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рўз дар маъбади Ў ба Ў хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд;
  8. Онҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сўзонд:
  9. Зеро Баррае ки дар миёни тахт аст, онҳоро чўпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s