Ваҳй боби 6

Мўҳри  якум — саворе  бар  аспи  сафед.

  1. Ва дидам, ки Барра яке аз ҳафт мўҳрро бардошт, ва шунидам, ки яке аз он чор ҳайвон бо овози монанди раъд мегўяд:“Биё ва бубин“.
  2. Ва назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он саворе ки камон дорад, ва ба ў тоҷ дода, шудааст: ва ў ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад.

Мўҳри  суюм — аспи  куранд (осоиштагӣ  аз  замин  гирифта  шуд).

  1. Ва ҳангоме ки Ў мўҳри дуюмро бардошт, ҳайвони дуюмро шунидам, ки мегўяд:“Биё ва бубин“.
  2. Ва аспи дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.

Мўҳри  сеюм — саворе  бар  аспи  сиёҳмушкин (қаҳтӣ).

  1. Ва ҳангоме ки Ў мўҳри сеюмро бардошт, ҳайвони сеюмро шунидам, ки мегўяд:“Биё ва бубин“. Ва назар андохтам, ва инак, аспи сиёҳмушкин, ва савори он дар дасташ тарозуе дорад.
  2. Ва овозе аз миёни он чор ҳайвон шунидам, ки мегўяд:“Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва шароб зарар нарасон“.

Мўҳри  чорум — саворе  бар  аспи  саманд (мамот).

  1. Ва ҳангоме ки Ў мўҳри чорумро бардошт, овози ҳайвони чорумро шунидам, ки мегўяд:“Биё ва бубин“.
  2. Ва назар андохтам, ва инак, аспи саманд, ва бар он саворе ки номаш мамот аст; ца дўзах аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёри чорьяки замин дода шудааст, то ки бо шамшер ва қаҳтӣ, ва бо вабо ва ҳайвоноти ваҳшии замин одамонро бикушад.

Мўҳри  панҷум — риёзаткашон  дар  таги  қурбонгоҳ.

  1. Ва ҳангоме ки Ў мўҳри панҷумро бардошт, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро, ки барои каломи Худо ва барои шаҳодате ки доштанд, кушта шуда буданд, дидам.
  2. Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд:“То ба кай, эй Парвардогори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?“
  3. Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддати каме ором бошанд, то даме ки шумораи онҳо ва ҳамкорони онҳо ва бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта хоҳанд шуд, пурра шавад.

Мўҳри  шашум — ғазаби  Барра (ҳодисаҳои  пурдаҳшати  табиат).

  1. Ва ҳангоме ки Ў мўҳри шашумро бардошт, назар андохтам, ва инак, заминҷунбии азиме ба вуқўъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт;
  2. Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда, анҷирҳои хоми худро мепартояд;
  3. Ва осмон мисли тўморе печида, нопадид шуд; ва ҳар кўҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид;
  4. Ва подшоҳони замин ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зўроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кўҳҳо пинҳон шуданд,
  5. Ва ба кўҳҳо ва сангҳо мегўянд:“Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед;
  6. Зеро ки рўзи бузурги ғазаби Ў омадааст, ва кист, ки битавонад истодагӣ намояд?“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s