Ваҳй боби 5

Китобе  ки  бо  ҳафт  мўҳр  баста  шудааст.

  1. Ва дар дасти рости Нишинандаи тахт китобе дидам, ки аз дарун ва аз берун навишта ва бо ҳафт мўҳр баста шуда буд.
  2. Ва фариштаи қавие дидам, ки бо овози баланд нидо мекунад:“Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мўҳрҳои онро бардорад?“
  3. Ва ҳеҷ кас на дар осмон, на бар замин, на дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он назар андозад.
  4. Ва ман бисьёр гиристам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ё лоақал ба он назар андозад.

Барраи  Худо,  Масеҳ  китобро  мекушояд.

  1. Ва яке аз он пирон ба ман гуфт:“Гирья накун; инак, шере аз сибти Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, то китобро воз кунад ва ҳафт мўҳри онро бардорад“.
  2. Ва назар андохтам, ва инак, дар миёни тахт ва он чор ҳайвон ва дар миёни он пирон Баррае, мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рўҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.
  3. Ва Ў омада, китобро аз дасти рости Нишинандаи тахт гирифт.

Ҳайвонҳо  ва  пирон  суруди  наве  барои  Барра  мехонанд.

  1. Ва ҳангоме ки Ў китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тилло пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд;
  2. Ва суруди наве хонда, мегўянд:“Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мўҳрҳоро аз он бардорӣ; зери ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,
  3. Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд“.

Фариштагон  Барраро  ҷалол  медиҳанд.

  1. Ва дидам, ва овози фариштагони бисьёрро шунидам, ки гирдогирди тахт ва он ҳайвонҳо ва пирон буданд, ва шумораи онҳо беварҳо-бавар ва ҳазорҳо-ҳазор буд,
  2. Ки бо овози баланд мегуфтанд:“Барраи забҳшуда сазовори он аст, ки қудрат, ва сарват, ва ҳикмат, ва қувват, ва шавкат, ва ҷалол, ва баракат биёбад“.

Коинот  Нишинандаи  тахт  ва  Барраро  ҳамду  сано  мегўяд.

  1. Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин, ва дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт:“Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад“.
  2. Ва он чор ҳайвон гуфтанд:“Омин“. Ва он бисту чор пир афтода, ба Ў, ки то абад Зинда аст, саҷда карданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s