Ваҳй боби 4

Худое  ки   бар  тахт  нишастааст.

  1. Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт:“Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқўъ ояд, ба ту нишон диҳам“.
  2. Ва дарҳол ман дар Рўҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд;
  3. Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.

Пироне  ки  бар  тахтҳо  нишастаанд.

  1. Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пирро нишаста дидам, ки либосҳои сафед дар бар карда буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло доштанд.
  2. Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурўзон буданд, ки онҳо ҳафт рўҳи Худо мебошанд.

Чор  ҳайвоне  ки  Қодири  Мутлақоро  ҷалол  медиҳанд.

  1. Ва дар пеши тахт баҳре аз шиша, монанди булўр; ва дар миёни тахт ва гирдогирди тахт чор ҳайвон, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд.
  2. Ва ҳайвони якум монанди шер, ва ҳайвони дуюм монанди гўсола, ва ҳайвони сеюм қиёфаи одам дошт, ва ҳайвони чорум монанди уқобе ки дар парвоз бошад.
  3. Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рўз ором нагирифта, мегўянд:“Қуддус аст, Қуддус аст, Қуддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ў буд, ҳаст ва хоҳад омад“.

Ҳайвонҳо  ва  пирон  ба  Худои  ҷовидонӣ  саҷда  макунанд.

  1. Ва ҳангоме ки он ҳайвонҳо ба Нишинандаи тахт, ки то абад Зинда аст, ҷалол ва шавкат ва сипос медиҳанд,
  2. Он бисту чор пир пеши Нишинандаи тахт афтода, ба Ў, ки то абад Зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои худро пеши тахт гузошта, мегўянд:
  3. ‘‘Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи ироаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s