Ваҳй боби 3

Нома  ба  калисои  Сардис. (Касе  ки  ғолиб  ояд,  либоси  сафед  дар  бар  хоҳад  кард).

  1. Ва ба фариштаи калисои Сардис бинавис: Ў, ки ҳафт рўҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегўяд:’’Аъмоли туро медонам; агарчи ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекин мурда ҳастӣ.
  2. Бедор бош ва бақиятеро, ки наздик ба мурдан аст, устувор намо, зеро ки Ман аъмоли туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам.
  3. Ба ёд ор, ки он чи дорӣ, чӣ гуна ёфтаӣ ва чӣ гуна шунидаӣ, ва онро нигоҳдорӣ намо ва тавба кун. Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту хоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат бар сари ту меоям.
  4. Валекин назди ту дар Сардис якчанд нафар ҳастанд, ки либоси худро палид накардаанд ва дар либоси сафед бо Ман хоҳанд гашт, чунки онҳо сазовори ин мебошанд.
  5. Касе ки ғолиб ояд, либоси сафед дар бар хоҳанд кард; ва Ман номи вайро аз дафтари ҳаёт пок нахоҳам кард ва номи вайро дар ҳузури Падари Худ ва ба ҳузури фариштагони Ў эътироф хоҳам кард.
  6. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

Нома  ба  калисои  Филоделфия. (Касе  ки  ғолиб  ояд,  Худованд  вайро  рукне  дар  маъбади  Худо  мегардонад).

  1. Ва ба фариштаи калисои Филоделфия бинавис: он Қуддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, ки мекушояд ва ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва мебандад ва ҳеҷ кас нахоҳад кушод, чунин мегўяд:
  2. ‘‘Аъмоли туро медонам; инак, Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; ту қуввати каме дорӣ, ва каломи Маро риоят намудаӣ, ва исми Маро инкор накардаӣ.
  3. Инак, Ман тавре амал мекунад, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегўянд, вале чунин нестанд, балки дурўғ мегўянд, инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дўст доштаам:
  4. Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рўи заминро имтиҳон кунад.
  5. Инак, ба зудӣ меоям; он чи дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад.
  6. Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.
  7. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

Нома  ба  калисои  Лудкия. (Ғаюр  бош  ва   тавба  кун).

  1. Ва ба фариштаи калисои Лудкия бинавис: Омин, ки шоҳиди амин ва ҳақ, ибтидои хилқати Худост, чунин мегўяд:
  2. ‘‘Аъмоли туро медонам; ту на сард ҳастӣ на гарм; о, кошки ту сард ё гарм мебудӣ!
  3. Лекин азбаски ту ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай хоҳам кард.
  4. Зеро ки ту мегўӣ:“Ман сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам“; аммо намедонӣ, ки ту бадбахт ва ҳақир ва мискин ва нобино ва бараҳна ҳастӣ.
  5. Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарӣ, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипўшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ.
  6. Ҳар киро Ман дўст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.
  7. Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ў даромада, бо ў таоми шом хоҳам хўрд, ва ў бо Ман.
  8. Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахт бинишинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ў нишастам.
  9. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s