Ваҳй боби 21

Ерусалими нав: арўи Барра.

  1. Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дигар набуд.
  2. Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арўсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.
  3. Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегўяд:“Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ў бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ў хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳанд буд;
  4. Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт.
  5. Ва Нишинандаи тахт гуфт:“Инак, ҳама чизро нав месозам“. Ва ба ман гуфт:“Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост“.
  6. Ва ба ман гуфт:“Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;
  7. Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ў Худо хоҳам буд, ва ў барои Ман писар хоҳад буд;
  8. Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурўғгўёнро—насибашон дар кўлест, ки бо оташ ва кибрит месўзад; ин мамоти дуюм аст“.
  9. Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт:“Биё, то ба ту арўсро, завҷаи Барраро нишон диҳам“.
  10. Ва маро дар Рўҳ ба кўҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,
  11. Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булўр шаффоф бошад;
  12. Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣ—Исроил навишта шудааст:
  13. Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.
  14. Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.
  15. Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати аздоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.
  16. Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фарохии он аст. Ва ў шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозаӣ ва фарохӣ ва баландии он баробар аст.
  17. Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.
  18. Девори он аз яшм сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дорад.
  19. Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум—яшм, дуюм—ёқути кабуд, сеюм—ақиқи сўхта, чорум—зумурад,
  20. Панҷум—ақиқи гулобӣ, шашум—ақиқ, ҳафтум—забарҷад, ҳаштум—берил, нўҳум—ёқути зард, даҳум—ақиқи сабз, ёздаҳум—гиацинт, дувоздаҳум—нилум.
  21. Ва дувоздаҳ дарвоза—дувоздаҳ марворид; ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кўчаи шаҳр зари холис, монанди шишаи шаффоф.
  22. Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.
  23. Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.
  24. Ва халқҳои ҷаҳон дар рўшноӣ вай роҳ хоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард.
  25. Ва дарвозаҳои шаҳр рўзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб нахоҳад буд;
  26. Ва ҷалол ва шавкати халқҳоро ба вай хоҳанд овард;
  27. Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткоре ва дурўғгўй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s