Ваҳй боби 2

Нома  ба  калисои  Эфсўс. (Норасогии  муҳаббат).

  1. „Ба фариштаи калисои Эфсўс бинавис: Ў, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегўяд:
  2. ‘‘Аъмоли туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба шарирон наметавонӣ тоб оварӣ, ва онҳоеро, ки худро ҳавворӣ меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурўғгў ёфтаӣ;
  3. Ва сабр дорӣ, ва барои исми Ман бисьёр чизҳоро аз сар гузарондаӣ, ва бемадор нагаштаӣ.
  4. Аммо иддаое бар ту дорам, ки муҳаббати авваини худро тарк кардаӣ.
  5. Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар; вагар на, ба зудӣ назди ту меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунӣ.
  6. Лекин фазилати ту ин аст, ки аз аъмоли николосиён нафрат дорӣ, ки Ман низ аз аъмоли онҳо нафрат дорам.
  7. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худост, бихўрад’’„.

Нома  ба  калисои  Исмирно. (Таъқиботи  яҳудиёни  имондор).

  1. Ва ба фариштаи калисои Исмирно бинавис: Аввалин ва Охирин, ки мурда буд ва зинда шуд, чунин мегўяд:
  2. ‘‘Аъмоли туро медонам, ва андўҳи туро, ва бенавоии туро, валекин ту сарватдор ҳастӣ, ва куфри онҳоеро, ки худро яҳудӣ мегўянд, вале чунин нестанд, балки куништи шайтонанд.
  3. Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро азмиёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки шуморо биозмояд, ва шумо даҳ рўз дар андўҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.
  4. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид’’„.

Нома  ба  калисои  Парғомус. (Дар  миёни  имондорон  николосиён  ҳастанд).

  1. Ва ба фариштаи калисои Парғомус бинавис: Ў, ки шамшери дудама дорад, чунин мегўяд:
  2. ‘‘Аъмоли туро медонам, ва маскани туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту исми Маро маҳкам нигоҳ доштаӣ ва ҳатто дар айёме ки шоҳиди амини Ман Антипас дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.
  3. Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ-Исроил дом ниҳад, то ки онҳо қурбониҳои бутҳоро бихўранд ва зино кунанд.
  4. Ҳамчунин назди ту пайравони таълимоти николосиён ҳастанд, ки аз он таълимот Ман нафрат дорам.
  5. Пас тавба кун, вагар на, ба зудӣ назди ту хоҳам омад ва бо шамшери забони Худ онҳо ҷанг хоҳам кард.
  6. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихўрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст’’„.

Нома  ба  калисои  Тиётиро. (Он  чи  доред,  маҳкам  нигоҳ  доред).

  1. Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: Писари Худо, ки чашмонаш мисли шўълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегўяд:
  2. Аъмоли туро медонам, ва муҳаббати туро, ва хизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки аъмоли охиринат аз аввалинат бештар аст.
  3. Аммо иддаои каме бар ту дорам, зеро ба зане Изобал ном, ки худро набия меномад, роҳ медиҳӣ; вай бандагои Маро таълим дода, дар иштибоҳ меандозад, то ки онҳо зино кунанд ва қурбониҳои бутҳоро бихўранд.
  4. Ман ба вай фурсат додам, ки аз зинокории худ тавба кунад, валекин вай тавба накард.
  5. Инак, Ман вайро бар бистае меандозам, ва онҳоеро, ки бо вай зино мекунанд, гирифтори андўҳи азиме мегардонам, агар аз аъмоли худ тавба накунанд.
  6. Ва фарзандони вайро ба қатл мерасонам, ва ҳамаи калисоҳо хоҳанд донист, ки Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод.
  7. Валекин ба шумо ва ба касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ва ҳамаи онҳое ки ин таълимотро пайравӣ накардаанд ва, чунон ки мегўянд, аз умқҳои шайтон хабар надоранд, мегўям: бар шумо бори дигаре намегузорам;
  8. Фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям.
  9. Ва касе ки ғолиб ояд ва аъмоли Маро то ба охир риояр кунад, ба вай бар халқҳо қудрат хоҳам бахшид,
  10. Ва онҳоро вай бо асои оҳанин чўпонӣ хоҳад кард, ва онҳо мисли кўзаи кулол хоҳанд шикаст, чунон ки Ман низ аз Падари Худ қудрат ёфтаам.
  11. Ва ба вай ситораи субҳро ато хоҳам кард.
  12. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад, ки Рўҳ ба калисоҳо чӣ мегўяд’’„.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s