Ваҳй боби 15

Таҳдиди  ҳафт  болои  охирин. Ҷалол  додани  Барра.

  1. Ва дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои охирин доранд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт.
  2. Ва гўё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омехта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, бар ин баҳри шиша истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост,
  3. Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегўянд:“Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!
  4. Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ти зоҳир шудааст“.

Тайёри  ба  ҳафт  бало.

  1. Ва баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, маъбади хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд,
  2. Ва аз маъбад ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дурахшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд.
  3. Ва яке аз он чор ҳайвон ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ў то абад Зинда аст.
  4. Ва маъбад аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ў пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас натавонист ба маъбад дарояд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s