Ваҳй боби 13

Ду  ҳайвони  ваҳшии шайтон: Зиддимасеҳ  ва  набии вай. 1. Ҳайвони  ваҳшии  ҳафтсар,  ки  аз  баҳр  берун  меояд.

  1. Ва бар реги баҳр истода, ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меояд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар шохҳояш даҳ афсар, ва бар каллаҳояш номҳои куфр.
  2. Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш мисли пойҳои хирс, ва даҳонаш мисли даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге ба вай дода буд.
  3. Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гўё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, ибодат карданд;
  4. Ва ба ҳайвони ваҳшӣ саҷда карда, гуфтанд:“Кист, ки мисли ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки битавонад бо вай ҷанг кунад?“
  5. Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гўяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад.
  6. Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ки бар исми Ў ва маскани Ў ва сокинони осмон куфр гўяд.
  7. Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд.
  8. Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.
  9. Ҳар кӣ гўш дорад, бишнавад.
  10. Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабри имони муқаддасон.

2. Ҳайвони ваҳшии дорои ду  шох,  ки  аз  замин  берун  меояд.

  1. Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дида, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра, ва мисли аждаҳо сухан мегуфт.
  2. Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд;
  3. Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурў меоварад.
  4. Ва бо мўъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегўяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.
  5. Ва ба вай ато шудааст, ки ба он пайкари ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то пайкари ҳайвони ваҳшӣ тавре сухан гўяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба пайкари ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекунанд, кушта шаванд.
  6. Ва тавре рафтор мекунанд, ки ҳамаи хурдон ва бузургон, сарватмандон ва мискинон, озодон ва ғуломон бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон тамға зананд,
  7. Ва ҳеҷ кас харидан ва фурўхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: ё номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад.
  8. Дар ин ҷо ҳикмат аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро ки он шумораи одамизод аст; шумораи он шашсаду шасту шаш мебошад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s