Ваҳй боби 12

Зан  бо  кўдаки  вай. Зане  ки  либосаш  офтоб  аст.

  1. Ва аломати бузурге дар осмон зоҳир шуд: зан, ки либосаш офтоб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.
  2. Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарьёд мезад.

Аждаҳои ҳафтсар занро бо кўдаи вай таъқиб мекунад.

  1. Ва аломати дигаре дар осмон зоҳир шуд: инак, аждаҳои бузурги сурх, ки ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар каллаҳояш ҳафт афсар;
  2. Думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар замин афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай кўдаки вайро фурў барад.
  3. Вай писре зоид, ки ў бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чўпонӣ кунад: ва писари вай сўи Худо ва тахти Ў бурда шуд.
  4. Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо маконе муҳайё гардидааст, то ки ба вай ҳазору дусаду шаст рўз ғизо дода шавад.

Фариштаи  муқарраб  Микоил  аждаҳоро  бар  замин  сарнагун  мекунад.

  1. Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд,
  2. Аммо натавонистанд истодагӣ кунанд, ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт нашуд.
  3. Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.
  4. Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегўяд:“Акнун наҷот ва қуват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ў фаро расид, чунки маломаргари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рўз да пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд;
  5. Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд;
  6. Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он! Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зўре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!“.

Аждаҳои  иблис  боз  занро  бо кўдаки вай  ва   боқии  насли  вай  таъқиб  мекунад.

  1. Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин сарнагун шуд, занеро ки писар зоида буд, таъқиб намуд.
  2. Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то ки вай аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми замон ва замонаҳо ва нисфи замон ғизо гирад.
  3. Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарьё сар дод, то ки дарьё вайро барад.
  4. Лекин замин ба зан мадад кард, ва замин даҳонашро кушода, он дарьёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурў бурд.
  5. Ва аждаҳо ба занд ар ғазаб шуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки аҳкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд, ҷанг кунад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s