Ваҳй боби 11

Андоза  кардани  маъбад.

  1. Ва ба ман нае дода шуд, ки монанди асо буд, ва гуфта шуд:“Бархез ва маъбади Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он ибодат мекунанд, бишумор;
  2. Вале рўи ҳавлии маъбадро истисно бикун ва андоза накун, зеро ки он ба халқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард“.

Ду  шоҳиди  Худо  бар  замин  нубувват  мекунанд.

  1. Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато хоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рўз нубувват хоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд
  2. Инҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд.
  3. Ва агар касе бихоҳад онҳоро озор диҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро мехўрад; ба ин тариқ, ҳар кӣ бихоҳад онҳоро озор диҳад, кушта мешавад.
  4. Онҳо қудрат доранд осмонро баста кунанд, то ки дар рўзҳои нубувваташон ба замин борон наборад; ва бар обҳо қудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вақте ки бихоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд.
  5. Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт.
  6. Ва ҷасадҳои онҳо дар кўчаи шаҳри бузург, ки ба киноя Садўм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди мо низ маслуб шудааст, воқеъ хоҳад буд.
  7. Ва мардуми зиёде аз қавмҳо, аз сабтҳо, аз забонҳо, аз қабилаҳо се ва ним рўз ба ҷасадҳои онҳо назар хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки ҷасадҳои онҳоро ба гўр супоранд.
  8. Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.
  9. Валекин баъд аз се ва ним рўз рўҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт.
  10. Ва онҳо овози баланде аз осмон шуниданд, ки ба онҳо мегуфт:“Ба ин ҷо сууд кунед“. Ва онҳо бар абр ба осмон сууд карданд; ва душманонашон ба онҳо назар мекарданд.

Заминҷунбии  азим.

  1. Ва дар ҳамон соат заминҷунбии азиме рўй дод, ва даҳьяки шаҳр фурў ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам нобуд шуд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои Осмонро ҳамду сано хонданд.
  2. Мусибати дуюм гузашт; инак, мусибати сеюм ба зудӣ меояд.
  3. Ва фариштаи ҳафтум карнай навохт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд:“Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ў гардидааст, ва Ў то абад салтанат хоҳад ронд“.
  4. Ва он бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, бар рўи худ афтода, Худоро ибодат карданд.
  5. Ва гуфтанд:“Туро шукр мегўем эй Худованди Худои Қодири Мутлақ, ки Ту ҳастӣ ва будӣ ва хоҳӣ омад, ва Ту бар тибқи қуввати бузурги Худ амал карда, бар тахти салтанат нишастаӣ.
  6. Халқҳо дар қаҳр шуданд; ва ғазаби Ту омад, ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ ва нобудкунадагони заминро нобуд кунӣ“.
  7. Ва маъбади Худо дар осмон воз шуд, ва сандуқИ аҳди Ў дар маъбади Ў зоҳир гардид; ва барқҳо ва садоҳо, ва раъдҳо ва заминҷунбӣ ва Ѣолаи бузурге ба вуқўъ омад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s