Ваҳй боби 10

Фаришта  бо  китоби  кушода.

  1. Ва фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин;
  2. Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,
  3. Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд.
  4. Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегўяд:“Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мўҳр зан ва инро нанавис“.
  5. Ва он фаришта, ки ўро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сўи осмон бардошт,
  6. Ва ба Ў, ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,
  7. Балки дар айёме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақте ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом хоҳад ёфт, чунон ки Ў ба бандагони Худ анбиё башорат додааст.

Овозе  аз  осмон  ба  нубувват  кардан  амр  мефармояд.

  1. Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт:“Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир“.
  2. Ва назди фаришта рафта, ба вай гуфтам:“Китобро ба ман деҳ“. Гуфт:“Онро бигир ва бихўр; он дар шикамат талх хоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин хоҳад буд“.
  3. Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, хўрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро хўрда, шикамам талх шуд.
  4. Ва ба ман гуфт:“Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s