Ваҳй боби 1

Хушо  касе  ки  суханони  ин нубувватро  мехонад  ва  мешунавад.

  1. Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ў ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарабӣ чиҳо бояд ба вуқўъ ояд. Ва Ў онро ба воситаи фариштаи Худ ба бндаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт,
  2. Ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод.
  3. Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.

Исо  бо  абрҳо  меояд,  ва  Ўро  ҳар  чашм  хоҳад дид.

  1. Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошад: файз ва осоиштагӣ бар шумо аз ҷониби Ў, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рўҳе ки дар пеши тахти Ў ҳастанд,
  2. Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ўро, ки моро дўст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,
  3. Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин.
  4. Инак, Ў бо абрҳо меояд, ва Ўро ҳар чашм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ўро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рўи замин дар ҳаққи Ў навҳа хоҳанд кард. Оре, омин.
  5. „Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам“, мегўяд Худванд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.

Рўъё  дар  Патмўс.

  1. Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андўҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмўс будам.
  2. Ва дар рўзи Худованд дар Рўҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт:“Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;
  3. Он чи мебинӣ, дар китобе бинавис ва ба ҳафт калисо ки дар вилояти Осиё мебошанд, бифирист: ба Эфсўс, ва Исмирно, ва Парғомус, ва Тиётиро, ва Сардис, ва Фелоделфия, ва Лудкия.
  4. Ман руҷўъ намудам, то овозаеро, ки ба ман сухан мегуф, бубинам; ва чун руҷўъ намудам, ҳафт чароғдони тилло дидам,
  5. Ва дар миёни ҳафт чароғдон касеро монанди Писари Одам, ки камзўли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд;
  6. Сари Ў ва мўи Ў мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ў мисли шўълаи оташ;
  7. Ва пойҳои Ў монанди мисе ки дар кўра сурх шуда бошад; ва овози Ў мисли шувваси обҳои бисьёр;
  8. Ва Ў дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ў шамшери дудама берун меомад; ва рўи Ў мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.
  9. Ва ҳангоме ки Ўро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ў дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт:’’Натарс; Манам Аввалин ва Охирин
  10. Ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дўзах ва мамот дар дасти Ман аст.

Сирри  рўъё.

  1. Пас бинавис он чи ту дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи баъд аз ин бояд ба вуқўъ ояд.
  2. Сирри ҳафт ситорае ки дар даси рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s