Яъқуб боби 5

Огоҳонидани  сарватдорон.

  1. Гўш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.
  2. Сарвати шумо пўсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.
  3. Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хўрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед.
  4. Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашед, ва доду фарьёди даравгарон ба гўши Худованди лашкарҳо расидааст.
  5. Шумо дар рўи замин бо ҳашамат ва дабдаба умр ба сар бурда, айшу ишрат менамудед, ва дилҳои худро гўё ки барои рўзи қатл фарбеҳ кардаед.
  6. Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ў ба шумо муқобилат накард.

Омадани  Худованд  наздик аст.                     

  1. Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самари гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.
  2. Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.
  3. Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то даме ки маҳкум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.
  4. Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.
  5. Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.

Дар  бораи  қасам.

  1. Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо’’оре, оре’’ ва’’не, не’’ бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.

Дуо  гўед:  дуои  боисрори  шахси  одил  қуввати  бузурге  дорад.

  1. Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гўяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.
  2. Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ўро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ў дуо гўянд,
  3. Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ўро ба по хоҳад хезонд; ва агар ў гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд.
  4. Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гўед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.
  5. Ильёс шахсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рўи замин борон набуд.
  6. Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самари худро ба вуҷуд овард.

Дар  бораи  муҳаббат  нисбат  ба  бародарони  гумроҳ.

  1. Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ўро баргардонад,
  2. Бигзор вай бидонад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рўпўш хоҳад кард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s