Яъқуб боби 4

Дўсти  бо  дуньё  душманӣ  бо  Худост.

  1. Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?
  2. Ҳавас мекунед ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед ва надоред, чунки илтимос намекунед;
  3. Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед.
  4. Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дўстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дўсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.
  5. Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст:“Рўҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дўст медорад“?
  6. Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст:“Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурўтанон файз мебахшад“.
  7. Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ў аз шумо хоҳад гурехт.
  8. Ба Худо наздик шавед, ва Ў ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишўед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудиладгон.
  9. Андўҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубадал шавад.
  10. Дар ҳузури Худованд фурўтан бошед, ва Ў шуморо сарафроз хоҳад кард.
  11. Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгўи накунед. Касе ки бародарашро бадгўӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгўӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.
  12. Шариатгузор ва Довар якест, ва Ў қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?

Ба  муқобили  нақшаҳое  ки  дилхоҳи  Худо  нест.

  1. Акнун гўш кунед шумо, эй касоне ки мегўед:“Имрўз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем“,
  2. Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рўй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагии шумо? Буғест, ки ба муддати кўтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.
  3. Ба ҷои он шумо бояд бигўед:“Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем“.
  4. Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофе монанди ин бад аст.
  5. Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд, кард, ва намекунад, ба вай гуноҳ аст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s