Яъқуб боби 3

Огоҳонидан  аз  гуноҳҳои  забон.

  1. Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,
  2. Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехўрем. Касе ки дар сухан пешпо намехўрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.
  3. Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;
  4. Инак, киштиҳо низ, ҳар чанд бузург бошанд ва ҳар чанд бо бодҳои пурзўр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккон хоҳад, равона карда мешавад;
  5. Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месўзонад.
  6. Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.
  7. Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром шудааст,
  8. Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.
  9. Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегўем:
  10. Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.
  11. Оё аз як сўрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?
  12. Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шўр ва ширин ба вуҷуд оварад.

Ҳикмати  ҳақиқӣ  ба воситаи  рафтор  исбот  меёбад.

  1. Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурўтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.
  2. Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурўғ нагўед:
  3. Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;
  4. Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.
  5. Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.
  6. Ва самари адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s