Якум Юҳанно боби 5

Имон  ба  Исои  Писари  Худо  ҷаҳонро  мағлуб  менамояд.

  1. Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дўст медорад, вай Мавллуди Ўро низ дўст медорад.
  2. Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дўст медорем, ки Худоро дўст дорем ва аҳкоми Ўро риоят кунем.
  3. Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ўро риоят кунем; ва аҳкоми Ў гарон нест,
  4. Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост.
  5. Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?

Касе  ки  ба  Исо  имон  меоварад,  ҳаёти  абадӣ  дорад.

  1. Ў Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рўҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рўҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рўҳ ростист.
  2. Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рўҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд.
  3. Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: Рўҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.
  4. Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ў дар бораи Писари Худо шаҳодат додааст.

Имондорон  бар  ҳасби  дуо  он  чи  аз  Худо  талаб  кунад,  меёбад.

  1. Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ўро дурўғгў донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.
  2. Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ўст.
  3. Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.
  4. Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.

Суханони  хотимавӣ.

  1. Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ў дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ў чизеро талаб кунем, Ў моро мешунавад;
  2. Ва агар донем, ки Ў моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ў талаб кардаем, меёбем.
  3. Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гўяд, ва Худо Ўро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегўям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегўям, ки дуо гўед.
  4. Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест.
  5. Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.
  6. Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери ҳукми иблис аст.
  7. Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писар Ў Исои Масеҳ ҳастем. Ў Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.
  8. Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s