Якум Юҳанно боби 4

Рўҳи  ростӣ   ва  рўҳи  иштибоҳ  чӣ  гуна  бояд  шинохт.

  1. Эй маҳбубон! Ба ҳар рўҳ эътимод накунед, балки рўҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё раафтаанд.
  2. Рўҳи Худоро шумо ин тавр хоҳед шинохт: ҳар рўҳе ки эътироф кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худост,
  3. Ва ҳар рўҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест, балки рўҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шумо шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст.
  4. Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва онҳоро мағлуб кардаед, зеро Ў, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.
  5. Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дуньёӣ сухан меронанд, ва ҷаҳон онҳоро мешунавад.
  6. Мо аз Худо ҳастем: ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гўш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гўш намедиҳад. Аз рўи ҳамин мо рўҳи ростӣ ва рўҳи иштибоҳро мешиносем.

Муҳаббате ки  Худо  ба  мо  дорад,  моро  ба  муҳаббати  бародарӣ  ўҳдадор  мекунад.

  1. Эй маҳбубон! Якдигарро дўст бидорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дўст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад.
  2. Касе ки дўст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст.
  3. Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ў ҳаёт ёбем.
  4. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дўст доштаем, балки Ў моро дўст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод.
  5. Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дўст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дўст бидорем.
  6. Худоро ҳаргиз касе надидааст: агар мо якдигарро дўст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ў дар мо комил аст.
  7. Ин ки мо дар Ў сокин ҳастем ва Ў дар мо, аз он мешиносем, ки Ў аз Рўҳи Худ ба мо ато намудааст.
  8. Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад.
  9. Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар ў сокин аст, ва ў дар Худо.
  10. Ва мо муҳаббатеро ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст ва Худо дар вай.
  11. Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рўзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ў дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем.
  12. Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.
  13. Мо Ўро дўст медорем, чунки аввал Ў моро дўст дошт.
  14. Агар касе гўяд’’ман Худоро дўст медорам’’, вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурўғгўй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дўст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дўст бидорад?
  15. Ва мо аз Ў чунин ҳукме дорем, ки ҳар кӣ Худоро дўст медорад, баодари худро низ дўст бидорад.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s