Якум Юҳанно боби 3

Ҷалоли  фарзандони  Худо.

  1. Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббат ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ўро нашинохт.
  2. Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанўз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ў хоҳем буд, зеро Ўро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.
  3. Ва ҳар кӣ аз Ў чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ў пок аст.
  4. Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.
  5. Ва шумо медонед, ки Ў барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ў гуноҳе нест.
  6. Ҳар кӣ дар Ў бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ўро надидааст ва Ўро нашинохтааст.
  7. Эй фарзандон! Бигзор ҳеҷ кас шуморо фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ў одил аст.
  8. Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.
  9. Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ў дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.
  10. Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дўст намедорад.

Муҳаббат  нишонаи  фарзандони  Худост.

  1. Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд акдигарро дўст дорем,
  2. На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худаш бад буд, вале аъмоли бародараш одилона.
  3. Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.
  4. Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дўст медорем; касе ки бародарашро дўст намедорад, ҳанўз дар марг сокин аст.
  5. Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.
  6. Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ў ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.
  7. Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мўҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, чӣ гуна муҳаббати Худо дар ў сокин аст?
  8. Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дўст бидоред.

Ҷуръати  фарзандони  Худо.

  1. Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ў ором хоҳем кард,
  2. Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.
  3. Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем,
  4. Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ў меёбем, чунки аҳкоми Ўро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ў мақбул аст, ба амал меоварем.
  5. Ва ҳукми Ў ин аст, ки мо ба исми Писари Ў Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дўст дорем, чунонки ки Ў ба мо ҳукм кардааст.
  6. Ва касе ки аҳкоми Ўро нигоҳ медорад, вай дар Ў сокин аст, ва Ў дар вай. Ва ин ки Ў дар мо сокин аст, аз он Рўҳе медонем, ки Ў ба мо ато намудааст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s