Якум Юҳанно боби 2

Исо  Шафоатгари  мо  ба  ҳузури  Падар  аст.

  1. Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.
  2. Ва Ў кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.

Касе  ки  каломи  Худоро  роият  мекунад,  дар  нур  сокин  аст.

  1. Аз ин медонем, ки Ўро мешиносем, ки аҳкоми Ўро роият мекунем.
  2. Касе ки гўяд:“Ман Ўро мешиносам“, аммо аҳкоми Ўро риоят накунад, вай дурўғгўй аст, ва дар вай ростӣ нест.
  3. Валекин касе ки каломи Ўро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ў ҳастем.
  4. Касе гўяд, ки дар Ў собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ў рафтор мекард.

Муҳаббати  бародарӣ  ҳукми  тозает  барои  фарзандони  нур.

  1. Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.
  2. Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ўст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.
  3. Ҳар кӣ гўяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, вай ҳанўз дар зулмот аст.
  4. Касе ки бародари худро дўст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест.
  5. Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кўр кардааст.
  6. Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ў омурзида шудааст.
  7. Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ўро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо иблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менависам, чунки шумо Падарро шинохтаед.
  8. Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки шумо Ўро, ки аз ибтидост шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзўр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед.

Тарк  кардани  муҳаббати  ҷаҳон.

  1. Ҷаҳонро дўст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дўст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;
  2. Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.
  3. Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.

Ҷудо  шудан  аз  зиддимасеҳ.

  1. Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд, аз ин рў медонем, ки соати охирин аст.
  2. Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то ки маълум шавад ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд.
  3. Валекин шумо аз ҷониби Қуддус татҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед.
  4. Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки шомо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурўғ аз ростӣ нест.
  5. Кист дурўғгў, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.
  6. Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад.
  7. Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд.
  8. Ва ваъдае ки Ў ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист.
  9. Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд.
  10. Валекин тадҳине ки шумо аз Ў ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ў ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурўғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ў бимонед.
  11. Пас, эй фарзандон, дар Ў бимонед, то ки ҳангоми зоҳир шундани Ў мо ҷуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ў дар вақти омадани Ў хиҷил нашавем.
  12. Агар донистаед, ки Ў одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад. аз Ў таваллуд ёфтааст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s