Якум Юҳанно боби 1

Шаҳодати  ҳавворӣ  дар  бораи  Каломи  ҳаёт.

  1. Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони худ дидаем ва муроқиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Калми ҳаёт,
  2. Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти ҷовидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд,
  3. Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ў Исои Масеҳ аст.
  4. Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил  бошад.

Мушоракат  бо  Худо  дар  нур  зистан  ва  эътироф  кардани  гуноҳҳор  металабад.

  1. Ва ин аст паёме ки мо аз Ў шунидаем в ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ў ҳеҷ зулмоте нест.
  2. Агар мо гўем, ки бо Ў мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурўғ мегўем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем;
  3. Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ў дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Пасари Ў Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.
  4. Агар гўем, ки мо гуноҳе надорем, худаморо фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.
  5. Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ў амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
  6. Агар гўем, ки мо гуноҳе накардаем, Ўро дурўғгўй месозем, ва каломи Ў дар мо нест.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s