Якум Петрус боби 5

Худи  Худо  имондоронро  мустаҳакам  мекунад  ва  устувор  мегардонад.

  1. Аз пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд:
  2. Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,
  3. Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи нишон диҳед,
  4. Ва ҳангоме ки Сарвари чўпон зоҳир шавад, шумо тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, хоҳед ёфт.
  5. Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурўтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурўтанон файз мебахшад.
  6. Пас, дар зери дасти пурзўри Худо фурўтан бошед, то ки Ў шуморо дар замони Худ сарфароз кунад;
  7. Ҳамаи ғамҳои худро ба Ў вогузор намоед, зеро ки Ў ба шумо ғамхорӣ мекунад.
  8. Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷўяд, то ба коми худ кашад;
  9. Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд.
  10. Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кўтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
  11. Ўро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.
  12. Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.

Саломҳо.

  1. Калисое ки дар Бобил аст ва мисли шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқўс.
  2. Ба якдигар бо бўсаи муҳаббат салом гўед. Бар ҳамаи шумо, ки дар Исои Масеҳ ҳастед, осоиштагӣ бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s