Якум Петрус боби 4

Таъсири  пурбаракати  уқубатҳо  ба  ҳаёти  имондорон.

  1. Пас, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм уқубат кашад, дигар гуноҳ намекунад,
  2. То ки боқии умри ҷисмониро на аз рўи ҳавасҳои одамӣ, балки аз мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.
  3. Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кадаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хўрдан ва нўшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.
  4. Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгўӣ мекунанд;
  5. Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисобат хоҳанд дод.
  6. Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тириқи одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рўҳ ба тариқи Худо зиндагӣ кунанд.

Дар  бораи  ҳаёт  дар  калисои  имондорон.

  1. Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.
  2. Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзўр дошта бошед, чунки муҳабат гуноҳҳои зиёдро рўпўш мекунад.
  3. Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;
  4. Ба якдигар, ҳар яке аз рўи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
  5. Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ўро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.

Уқубатҳо  барои  ҷалоли  оянда  пок  мекунанд.

  1. Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гўё воқеаи аҷибе ба шумо рўй дода бошад,
  2. Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ў низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
  3. Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Исои Масеҳ бадгўӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рўҳи ҷалол, Рўҳи Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ўро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
  4. Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, ё дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад.
  5. Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.
  6. Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?
  7. Ва агар одил базўр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ гуна хоҳад буд?
  8. Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s