Якум Петрус боби 3

4. Сухане ба занону  шаҳварон.

  1. Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд,
  2. Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд.
  3. Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесў бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пўшидан,
  4. Балки одамияти ботинии самимӣ дар рўҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,
  5. Чунон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд.
  6. Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ўро оғо меномид; шумо низ фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед.
  7. Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мўҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамонате нарасад.

5. Дар бораи муносибати  бародарии аъзоёни  калисо  ва  дар  бораи  уқубатҳо  барои  адолат.

  1. Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардўст, бошафақат, меҳрубон ва фурўтан бошед;
  2. Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагўед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.
  3. Зеро, касе ки ҳаётро дўст медорад ва мехоҳад рўзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ ногоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез,
  4. Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, талабгори осоиштагӣ шавад ва дар паи он бошад,
  5. Чунки чашмони Худованд сўи одилон нигаронда шудааст, ва гўшҳои Ў сўи дуои онҳо, аммо рўи Худованд ба муқобили бадкорон аст.
  6. Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некўорӣ ғаюр бошед?
  7. Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашвед.
  8. Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурўтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед:
  9. Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамояд, бо он чи шуморо бадгўӣ мекунанд, шарманда шаванд.
  10. Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашадан беҳтар аст аз он ки барои аъмоли бад уқубат кашад,

6. Масеҳ бо уқубатҳои  Худ,  ки  бар  салиб  кашидааст,  имондоронро  сўи  Худо  мекашад.

  1. Чунки Масеҳ низ барои он ки моро сўИ Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рўҳ зинда гардид.
  2. Ва дар рўҳ Ў рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, мавъза намуд.
  3. Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нўҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ сохта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъме ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.
  4. Ва тимсоли он таъмид аст, ки на шустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад,
  5. Ки Ў ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ў шудаанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s