Якум Петрус боби 2

Дар  бораи  нашъунамо  ёфтан  дар  ҳолати  масеҳӣ.

  1. Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгўиро аз худ дур карда,
  2. Чун кўдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед,
  3. Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некўст.

Қавми  Худо  бар  ҳасби  аҳди  ҷадид.

  1. Ва чун наздик мешавед ба Ў, яъне ба санги зиндае ки одамон рад кардаанд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад,
  2. Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ хонаи рўҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рўҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед,
  3. Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст:’’Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд’’.
  4. Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гўшаи бино гардидааст,
  5. Ва санги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехўранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд.
  6. Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ў, ки шуморо аз зулмот ба рўшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед,
  7. Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.

Муҳоҷирати  имондорон  ҳамчун  ғарибон  дар  он  дуньё. 1. Муҳоҷират дар миёни  халқҳо.

  1. Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед.
  2. Ва дар миёни халқҳо умри некўкорона ба сар баред, ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгўӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рўзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.

2. Ўҳдадориҳо нисбат ба  ҳукуматдорон.

  1. Пас, ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ,
  2. Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некўкоронро тақдир кунанд,
  3. Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некўкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем,
  4. Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рўпўш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо.
  5. Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дўст доред, аз Худованд тасед, подшоҳро иззат кунед.

3. Сухане ба хизматгорон: намунаи  ибрати  Масеҳ  дар  андўҳи  ноҳақ.

  1. Эй хизматгорон, бо камоли тарс ба оғоёни худ итоат намоед, на танҳо ба оғоёни нек ва фурўтан, балки ба оғоёни сахтгир низ.
  2. Зеро савоб аст, ки кас аз рўи виҷдон ба хотири Худо андўҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад.
  3. Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хўрда тоқат кунед? Аммо агар барои некўкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост.
  4. Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ў равона шавед:
  5. Ў гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд.
  6. Гирифтори бадгўӣ гардида, Ў ҷавобан бадгўӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
  7. Ў шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ў шифо ёфтед.
  8. Зеро ки шумо мисли гўсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сўИ Чўпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s