Юҳанно боби 9

Шифо  ёфтани  кўри  модарзод  дар  рўзи  шанбе.

  1. Ва чун мерафт, як кўри модарзодро дид.
  2. Шогирдон аз Ў пурсида, гуфтанд:“Эй Устод! Ки гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кўр зоида шуд?“
  3. Исо ҷавоб дод:“На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад;
  4. То вақте ки рўз аст, Ман бояд аъмоли Фиристодаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас кас наметавонад коре бикунад;
  5. То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам“.
  6. Инро гуфта, оби даҳон бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро бар чашмони кўр молид,
  7. Ва ба вай гуфт:“Бирав ва дар ҳавзи Шилўаҳ, ки маънояш’’Фиристода’’ мебошад, худро бишўй“. Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда омад.
  8. Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кўри дида буданд, гуфтанд:“Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?“
  9. Баъзе гуфтанд:“Ҳамон аст“. Ва баъзе гуфтанд:“Фақат ба вай монанд аст“. Вале худи вай гуфт:“Ман ҳамонам“.
  10. Ба вай гуфтанд:“Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?“
  11. Вай дар ҷавоб гуфт:“Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт:’’Бирав ва дар ҳавзи Шилўаҳ худро бишўй“. Ман рафта шустам ва бино шудам“.
  12. Ва ба вай гуфтанд:“Ў куҷост?“ Гуфт:“Намедонам“.
  13. Он одамро, ки пештар кўр буд, назди фарисиён бурданд.
  14. Ва он рўзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рўзи шанбе буд.
  15. Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд.Ба онҳо гуфт:“Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман худро шуста, бино шудам“.
  16. Баъзе аз фарисиён гуфтанд:“Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад“. Дигарон гуфтанд:“Чӣ тавр як шахси гуноҳкор чунин мўъҷиза нишон дода метавонад?“ Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод.
  17. Боз ба он кўр гуфтанд:“Дар бораи Ў, ки чашмони туро кушод чӣ мегўи?“. Гуфт:“Пайғамбар аст“.
  18. Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кўр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,
  19. Аз онҳо пурсиданд:“Оё ин аст писари шумо, ки мегўед: кўр зоида шудааст? Пас чӣ тавр вай алҳол бино шудааст?“.
  20. Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфт:“Мо медонед, ки ин писари мост, ва кўр зоида шудаст;
  21. Лекин алҳол чӣ тавр бино шудаст, намедонем; ва чашмони вайро ки воз кардааст намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад“.
  22. Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ўро чун Масеҳ эътироф намояд, аз куништ биронанд;
  23. Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки:“вай болиғ аст, аз худаш пурсед“.
  24. Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кўр буд, талабида, гуфтанд:“Худоро сано гўй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст“
  25. Дар ҷавобашон гуфт:“Оё гуноҳкор аст, ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кўр будам ва ҳоло бино ҳастам“.
  26. Боз ба вай гуфтанд:“Бо ту чӣ кор кард? чӣ тавр чашмони туро боз кард?“
  27. Ба онҳо ҷавоб дод:“Аллакай ба шумо гуфтам, ва гўш надодед; чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ў шавед?“.
  28. Вайро мазаммат намуда, гуфтанд:“Ту шогирди Ў ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем;
  29. Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем, аз куҷост“.
  30. Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ўро намедонед, ва ҳол он ки Ў чашмони маро воз кард.
  31. Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкорронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ўро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;
  32. Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кўри модарзодро воз карда бошад;
  33. Агар Ў аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист“
  34. Дар ҷавоби вай гуфтанд:“Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?“. Пас вайро бадар ронданд.
  35. Исо чун шунид, ки вайро бадар ронданд, вайро ёфта, гуфт:“Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?“
  36. Дар ҷавоб гуфт:“Эй оғо, Ў кист, то ба Ў имон оварам?“
  37. Исо ба вай гуфт:“Ту Ўро дидаӣ, ва Ў ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугў мекунад“.
  38. Гуфт:“Имон дорам, Худовандо!“ Ва ба Ў саҷда кард.
  39. Ва Исо гуфт:“Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кўрон бино ва биноён кўр шаванд“.
  40. Баъзе аз фарисиён, ки назди Ў буданд, чун шуниданд, ба Ў гуфтанд:“Наход ки мо ҳам кўр бошем?“.
  41. Исо ба онҳо гуфт:“Агар кўр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегўед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s