Юҳанно боби 8

Исо  зани  гуноҳкорро  авф  мекунад.

  1. Лекин Исо ба кўҳи Зайтун рафт,
  2. Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ў омаданд; ва Ў нишаста онҳоро таълим медод.
  3. Дар ин вақт китобдонон ва фирисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ў оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода,
  4. Ба Ў гуфтанд:“Устод! Ин зан дар амали зино дастгир шуд;
  5. Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд; аммо Ту чӣ мегўӣ?“
  6. Инро барои озмоиш ба Ў гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ўро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушташ бар рўи замин чизе менавишт.
  7. Чун дар савол исрор намуданд, Ў рост шуда, ба онҳо гуфт:“Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад“.
  8. Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт.
  9. Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод.
  10. Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт:“Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?“
  11. Зан гуфт:“Ҳеҷ касе, эй оғо!“ Исо ба вай гуфт:“Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун“.

 Исо — Нури  ҷаҳон.

  1. Ва Исо боз ба мардум гуфт:“Ман Нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ намепаймояд, балки нури ҳаётро ёбад“.
  2. Он гоҳ фарисиён ба Ў гуфтанд:“Ту бар Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту рост нест“.
  3. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро ки Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам;
  4. Шумо аз рўи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ намекунам;
  5. Ва агар Ман доварӣ кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст;
  6. Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст;
  7. Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад“.
  8. Ба Ў гуфтанд:“Падари Ту куҷост?“ Исо ҷавоб дод:“Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед“.
  9. Ин суханонро Исо дар назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ўро дастгир накард, чунки соати Ў ҳанўз нарасида буд.

Исо  дар  бораи  назди  Падар  рафтани  Худ  шаҳодт  медиҳад.

  1. Боз Исо ба онҳо гуфт:“Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“.
  2. Яҳудиён гуфтанд:“Наход ки Ў мехоҳад Худро бикушад, ки мегўяд:’’Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед’’?“.
  3. Ба онҳо гуфт:“Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам;
  4. Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд“.
  5. Ба Ў гуфтанд:“Ту кистӣ?“ Исо ба онҳо гуфт:“Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам;
  6. Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигўям ва доварӣ кунам; лекин Фиристодаи Ман ҳақиқист, ва Ман ҳар чи аз Ў шунидаам, ба ҷаҳон мегўям“.
  7. Онҳо нафаҳмиданд, ки Ў ба онҳо дар бораи Падар сухан мегўяд.
  8. Исо ба онҳо гуфт:“Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худ намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегўям;
  9. Фиристодаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ўро ба ҷо меоварам“.
  10. Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ў имон оварданд.

Дар   бораи   озодии   ҳақиқӣ.

  1. Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ў имон оварданд, гуфт:“Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд,
  2. Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард“.
  3. Ба Ў ҷавоб доданд:“Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ сон Ту мегўӣ, ки’’озод хоҳед шуд’’?“.
  4. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст;
  5. Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад; писар ҳамеша мемонад;
  6. Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд“

Дар  бораи  душманони  ростӣ.

  1. Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намеғунҷад;
  2. Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегўям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед“.
  3. Онҳо дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Падри мо Иброҳим аст“. Исо ба онҳо гуфт:“Агар фарзандони Иброҳинм мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед;
  4. Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегўям: Иброҳим чунин коре накардааст.
  5. Шумо аъмоли падари худро мекунед“. Ба Ў гуфтанд:“Мо аз зино таваллуд наёфтаед; мо як Падар дорем, ки Худо бошад“.
  6. Исо ба онҳо гуфт:“Агар Худо падари шумо мебуд, Маро дўст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам, балки Ў Маро фиристод.
  7. Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бишнавед.
  8. Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз абтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурўғ мегўяд, аз они худро мегўяд, зеро ки вай дурўғгўй ва падари дурўғ аст.
  9. Лекин аз баски Ман сухани ростро ба шумо мегўям, ба Ман имон намеоваред“.

Сирри  Шахсияти  Исо.

  1. Кист аз шумо ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гўям, чаро ба Ман имон намеоваред?
  2. Касе ки аз Худо бошад, ба каломи худо гўш медиҳад; шумо ба он сабаб гўш намедиҳед, ки аз Худо нестед.
  3. Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ў гуфтанд:“Оё дуруст нагуфтаем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?“
  4. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед;
  5. Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад;
  6. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид“.
  7. Яҳудиён ба Ў гуфтанд:“Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегўӣ:’’Касе ки каломи Маро роия кунад, то абад зоиқан маргро нахоҳад чашид’’„.
  8. Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?“.
  9. Исо ҷавоб дод:“Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол медиҳад, ки дар ҳаққи Ў шумо мегўед:’’Ў Худои мост’’;
  10. Ва Ўро нашинохтаед, лекин Ман Ўро мешиносам; ва агар бигўям, ки Ўро намешиносам, мисли шумо дурғўгўй мешавам; лекин Ман Ўро мешиносам ва каломи Ўро риоя мекунам;
  11. Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рўзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид“.
  12. Яҳудиён ба Ў гуфтанд:“Ҳанўз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?“
  13. Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам“.
  14. Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ўро сангсор кунанд, лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s