Юҳанно боби 7

Бародарон  Исоро  ба  иди  хаймаҳо  таклиф  мекунанд.

  1. Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ў доштанд.
  2. Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд.
  3. Пас бародаронаш ба Ў гуфтанд:“Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то шогирдонат низ он аъмолеро ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд;
  4. Зеро касе ки мехоҳад машҳур бошад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо“.
  5. Зеро бародаронаш низ ба Ў имон наоварда буданд.
  6. Исо ба онҳо гуфт:“Вақти Ман ҳанўз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст;
  7. Ҷаҳон наметавонат ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст;
  8. Шумо ба ин ид биравед, Аммо Ман ҳоло ба ин ид намерам, чунки вақти Ман ҳанўз пур нашудааст“.
  9. Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.

Исо  Ҷалилро  тарк  мекунад.

  1. Вақте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ў низ омад, на ошкоро, балки пинҳонӣ.
  2. Аммо яҳудиён Ўро дар ид ҷустуҷў намуда, мегутанд, ки:“Ў куҷост?“.
  3. Ва дар миёни мардум дар бораи Ў гуфтугўи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд:“Ў некўст“, аммо дигарон мегуфтанд:“Не, Ў мардумро гумроҳ мекунад“.
  4. Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ў ошкоро сухан намегуфт.

Исо  дар  иди  хаймаҳо.

  1. Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод.
  2. Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд:“Ин шахс Навиштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?“.
  3. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристодаи Ман аст;
  4. Агар касе хоҳад иродаи Ўро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегўям.
  5. Ҳар кӣ аз худ сухан гўяд, ҷалоли худро меҷўяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристодаи Худро меҷўяд, Ў ҳақиқист, ва дар Ў норостӣ нест.
  6. Оё Мусо ба шумо шариат надод? Ва касе аз шумо аз рўи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?“
  7. Мардум дар ҷавоб гуфт:“Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?“
  8. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед;
  9. Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рўзи шанбе хатна мекунед.
  10. Модме ки писаронро дар рўзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рўзи шанбе касеро шифои комил додаам?
  11. Аз рўи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рўи адолат доварӣ кунед“.
  12. Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд:“Оё Ин Ҳамон Касе нест, ки Ўро мехоҳанд бикушанд?
  13. Инак Ў ошкоро сухан мегўяд, ва ба Ў чизе намегўянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ў дар ҳақиқат Масеҳ аст?
  14. Лекин мо медонем, ки ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ў аз куҷост“.
  15. Ва Исо вақте ки дар маъбад таълим медод, нодо карда гуфт:“Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристодаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ўро намешиносед;
  16. Аммо Ман Ўро мешиносам, чунки Ман аз ҷониби Ў ҳастам, ва Ў Маро фиристодааст“.
  17. Он гоҳ хостанд Ўро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ў наандохт, чунки ҳанўз соаташ нарасида буд.
  18. Лекин бисьёре аз мардум ба Ў имон оварданд ва гуфтанд:“Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?“.
  19. Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ў чунин мегўянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ўро дастгир кунанд.
  20. Ва Исо гуфт:“Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристодаи Худ меравам;
  21. Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед“.
  22. Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд:“Ў ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ўро ёфта наметавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнто таълим диҳад?
  23. Чист маънои суханоне ки Ў гуфт:’’Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед?’’„.

Исо  дар  боари  қуввати  Рўҳулқудс  сухан  меронад.

  1. Ва дар рўзи охир, ки рўзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо карда, гуфт:“Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинўшад;
  2. Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд“.
  3. Ин суханро Ў дар бораи Рўҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ў имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рўҳулқудс ҳанўз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанўз ҷалол наёфта буд.

Фикрҳои  дигар-дигари  яҳудиён  дар  бораи  Исо.

  1. Басьёре аз мардум ин сиханонро шунида гуфтанд:“Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст“.
  2. Баъзеҳо гуфтанд:“Ин Масеҳ аст“ Лекин дигарон гуфтанд:“Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд?
  3. Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки Довуд буд, бояд ояд?“
  4. Ба ҳамин тариқ, дар бораи Ў дар байни мардум ихтилоф афтод.
  5. Баъзе аз онҳо хостанд Ўро дастгир кунанд, лекин касе ба Ў даст наандохт.
  6. Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд:“Чаро Ўро наовардед?“
  7. Мулозимон ҷавоб доданд:“Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст“.
  8. Фарисиён ба онҳо гуфтанд:“„Оё шумо низ гумроҳ шудаед?
  9. Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ў имон овардааст?
  10. Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд“.
  11. Ниқўдимус, ки шабона назди Ў омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:
  12. „Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чӣ кор кардааст?“
  13. Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд:“Магар ту низ ҷалили ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст“.
  14. Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s