Юҳанно боби 6

Сер  шудани  панҷ  ҳазор  мард.

  1. Пас аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд;
  2. Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ў равона шуданд, зеро он мўъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд.
  3. Исо ба кўҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст.
  4. Иди фисҳи яҳудиён наздик буд.
  5. Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ў меоянд, ва ба Филиппус гуфт:“Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихўранд?“
  6. Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард.
  7. Филиппус дар ҷавоби Ў гуфт:“Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихўранд“.
  8. Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъўни Петрус, ба Ў гуфт:
  9. „Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?“
  10. Исо гуфт:“Мардумро шинонед“. Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор мард буданд, нишастанд.
  11. Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд.
  12. Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт:“Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад“.
  13. Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хўрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
  14. Вақте ки мардум ин мўъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд:“Ин ҳақиқатан он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд“.

Исо  бар  баҳр  қадам  мезанад.

  1. Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ўро ба зўрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кўҳ баромад.
  2. Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд.
  3. Ва ба қаиқ савор шуда, ба он тарафи баҳр, сўи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд.
  4. Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад.
  5. Вақте ки ба дурии тақриба бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд.
  6. Лекин Ў ба онҳо гуфт:“Ин Манам, натарсед“.
  7. Онҳо мехостанд Ўро ба қаиқ дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сўи он равона буданд, расид.

Исо — Нони ҳаёт.

  1. Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ў дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд;
  2. Лекин қаиқҳои дигаре ки аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хўрада буданд, расиданд;
  3. Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷўи Исо бас Кафарнаҳум омаданд.
  4. Ва Ўро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ў гуфтанд:“Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?“
  5. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: Маро на ба сабаби мўъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷў мекунед, ки нон хўрда, сер шудед.
  6. На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кўшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ монад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ў мўҳр задааст“.
  7. Ба Ў гуфтанд:“Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?“.
  8. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ў фиристод, имон оваред“.
  9. Ба Ў гуфтанд:“Пас, чӣ аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ?
  10. Падарони мо дар биёбон манн хўрданд, чунон ки навишта шудааст:’’Аз осмон ба онҳо нон ато кард то бихўранд’’„.
  11. Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад;
  12. Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад“.
  13. Он гоҳ ба Ў гуфтанд:“Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ“
  14. Исо ба онҳо гуфт:“Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Мам имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.
  15. Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред.
  16. Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
  17. Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристодаи Худ.
  18. Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато шудааст, чизе талаф накунам, балки дар рўзи вопасин онро эҳьё кунам;
  19. Ва иродаи Фиристодаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ў имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад ва Ман дар рўзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард“.
  20. Яҳудиён аз Ў шикоят карданд, зеро ки гуфта буд:“Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд“.
  21. Ва гуфтанд:“Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ўро мешиносем? Пас чӣ тавр мегўяд, ки ‘‘Ман аз осмон нозил шудаам’’?“
  22. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба якдигар шикоят накунед:
  23. „Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рўзи вопасин эҳьё хоҳам кард.
  24. Дар суҳафи анбиё навишта шудааст:’’Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт’’. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.
  25. На ин ки касе Падарро дидааст, ҷуз Он ки аз ҷониби Худост: Ў Падарро дидааст.
  26. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.
  27. Ман нони ҳаёт ҳастам.
  28. Падарони шумо дар биёбон манн хўрданд ва мурданд;
  29. Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихўрад, намирад.
  30. Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихўрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам“.
  31. Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд:“Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихўрем?“
  32. Исо ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: агар Бадани Писари Одамро нахўред ва Хуни Ўро нанўшед, дар худ ҳаёт надоред;
  33. Ҳар кӣ Бадани Маро бихўрад ва Хуни Маро бинўшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рўзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;
  34. Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқст, ва Хуни Ман нўшокии ҳақиқист;
  35. Ҳар кӣ Бадани Маро бихўрад ва Хуни Маро бинўшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай;
  36. Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихўрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд;
  37. Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо ки маннро хўрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихўрад, то абад зинда хоҳад монд“.
  38. Ин суханонро, ҳангоме дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ, гуфт.

Ҷудоӣ  дар  миёни  шогирдон.

  1. Бисьёре аз шогирдони Ў, инро шунида, гуфтанд:“Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?“
  2. Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт:“Оё ин шуморо ба васваса меандозад?
  3. Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт?
  4. Рўҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷасм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегўям, рўҳ ва ҳаёт аст;
  5. Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд“.Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ўро таслим хоҳад кард.
  6. Ва гуфт:“Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад“.
  7. Аз он вақт бисьёре аз шогирдонаш аз Ў дур шуда, дигар Ўро пайравӣ накарданд.

Эътирофи  Петрус. Яҳудо — таслимкунанда.

  1. Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: “Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?“
  2. Шимъўни Петрус дар ҷавоби Ў гуфт: “Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст,
  3. Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ“.
  4. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: “Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст“.
  5. Инро Ў дар бораи Яҳудо писари Шимъўни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз дувоздаҳ буд, мехост Ўро таслим кунад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s