Юҳанно боби 5

Шифо  дар  рўзи  шанбе  назди  ҳавзи  Байт-Ҳасдо.

  1. Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад.
  2. Дар Ерусалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегўянд, ва он ҷо панҷ равоқ дорад:
  3. Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кўрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд;
  4. Зеро фариштаи Худо вақт-вақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар аснои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар касалие ки дошт, шифо меёфт.
  5. Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд.
  6. Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба ай гуфт:“Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?“
  7. Бемор ҷавоб дод:“Эй оғо! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро ба ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро ба ҳавз меандозад“.
  8. Исо ба вай гуфт:“Бархез, бистаратро бардор ва бирав“.
  9. Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ доромад. Он рўз рўзи шанбе буд.
  10. Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд:“Имрўз шанбе аст, ва ҷоиз нест, ки бистари худро бардорӣ“.
  11. Вай дар ҷавоби онҳо гуфт:“Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт:’’Бистаратро бардор ва бирав’’„.
  12. Аз вай пурсиданд:“Кист Он Кас, ки ба ту гуфт:’’Бистаратро бардор ва бирав’’?“.
  13. Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ў кист; зеро ки дар он ҷо издиҳоми калоне буд, ва Исо нопадид шуда рафт.
  14. Пас аз он Исо вайро дар маъбад ёфта, гуфт:“Инак, шидо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ки ба вазъияти бадтаре дучор нашавӣ“.
  15. Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шифодиҳандаи ман Исо мебошад.
  16. Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ўро мехостанд ба қатл расонанд, зеро ки ин корро дар рўзи шанбе карда буд.

Исо  аъмоли  Худро  ҳимоя  мекуняд ва аз ҷониби Падар фиристода шуданашро далел меоварад.

  1. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Падари Ман кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам“.
  2. Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ўро ба қатл расонанд, зеро ки натанҳо шанберо риоят намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист.
  3. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:“Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям:Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки чи Ў мекунад, Писар низ мекунад.
  4. Зеро ки Падар Писарро дўст медорад ва ҳар он чи Худаш мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ў нишон хоҳад дод, то ки шумо тааҷҷуб намоед.
  5. Зеро, ҳамчунон Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ он чунон ҳар киро, ки хоҳад зинда мегардонад.
  6. Зеро ки Падар ба ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супоридааст,
  7. То ки ҳама Писаро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристодаи Ўст, эҳтиром накардааст.
  8. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва а Фиристодаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
  9. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегўям: соате мерасад, ва аллакай раасидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ бишнавад, зинда гардад.
  10. Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад;
  11. Ва ба Ў қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ў Писари Одам аст“.

Қиёмати  ҳаёт  ва  қаёмати  доварӣ.

  1. Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро ки соате мерасад, ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ўро хоҳанд шунид,
  2. Ва берун хоҳанд омад -некўкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ.
  3. Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки маро фиристодааст.

Шоҳидии  Исо  дар  бораи  фиристода  шудани  Ў  аз  ҷониби  Падар.

  1. Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест:
  2. „Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодте ки вай бар Ман медиҳад рост аст;
  3. Шумо назди Яҳьё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод.
  4. Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегўям, то ки шумо наҷот ёбед.
  5. Вай чароғе буд, ки месўхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате дар нури вай шодӣ кунед.
  6. Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳьё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман ато кардааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст.
  7. Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ўро шунидаед ва на сурати Ўро дидаед,
  8. Ва каломи Ў дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ў фиристодааст, имон намеоваред.
  9. Шумо навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо кунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд.
  10. Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёти ёбед.
  11. Ҷалолро аз мардум қабул намекунам.
  12. Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ муҳаббати Худоро надоред.
  13. Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабл хоҳед кард.
  14. Шумо чӣ тавр метавонед имон оваред, дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб неастед?
  15. Гумон накунед, ки Ман назди падар бар шумо даъвое хоҳам кард: даъвогар бар шумо Мусо мебошад, ки ба вай умед бастаед.
  16. Зеро ки агар шумо ба Мусо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст.
  17. Модоме ки шумон ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s