Юҳанно боби 4

Исо  ва  зани  Сомарӣ.

  1. Чун Исои Худованд дарьёфт, ки ба гўши фарисиён овозае расидааст, ки Ў назар ба Яҳьё, бештар шогирдон пайдо мекунад ва таъмид медиҳад,
  2. Гарчанде ки Худи Исо не, балки шогирдонаш таъмид медоданд,
  3. Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт.
  4. Ва Ўро лозим буд аз Сомария гузашта равад.
  5. Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомария омад, ки Сухар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода, буд;

Мусоҳибаи  Исо  бо  зани  Сомарӣ

  1. Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд,
  2. Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт:“Ба Ман барои нўшидан об деҳ“.
  3. Зеро ки шогирдонаш барои харидани хўрок ба шаҳр рафта буданд.
  4. Зани сомарӣ ба Ў гуфт:“Чӣ тавр Ту, ки яҳуди ҳастӣ аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд“.
  5. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегўяд:’’Ба Ман барои нўшидан об деҳ’’, ҳоло худат аз Ў хоҳиш мекардӣ, ва Ў ба ту оби ҳаёт медод“.
  6. Зан ба Ў гуфт:“Эй Оғо! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва чоҳ чуқур аст, пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ?
  7. Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менўшиданд?“.
  8. Исо дар ҷавоби вай гуфт:“Ҳар кӣ аз ин об нўшад, боз ташна мемонад;
  9. Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нўшад, абадан ташна намемонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷўшад“.
  10. Зан ба Ў гуфт:“эй оғо! ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям“.
  11. Исо ба вай гуфт:“Бирав, ва шавҳаратро бихон, ва ба ин ҷо биё“.
  12. Зан дар ҷавоб гуфт:“Ман шавҳар надорам“. Исо ба вай гуфт:“Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ;
  13. Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст“.
  14. Зан ба Ў гуфт:“Эй оғо! Мебинам, ки Ту набӣ ҳастӣ;
  15. Падарони мо дар болои ин кўҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегўед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад“.
  16. Исо ба вай гуфт:“Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кўҳ, ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард;
  17. Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст;
  18. Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рўҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад:
  19. Худо Рўҳ аст, ва онҳое ки Ўро парастиш мекунанд, бояд бо рўҳ ва ростӣ парастиш кунанд“.
  20. Зан ба Ў гуфт:“Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ў ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод“.
  21. Исо ба вай гуфт:“Ман, ки бо ту сухан мегўям, Ҳамонам“.
  22. Дар ҳамин вақт шогирдонаш омада, тааҷҷуб карданд, ки Ў бо зане гуфтугў мекунад; лекин ҳеҷ кас нагуфт, ки:’’Чӣ металабӣ?’’ ё ки:’’Барои чӣ бо вай ҳарф мезанӣ?’’
  23. Зам кўзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт:
  24. „Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ў Масеҳ нест?“
  25. Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ў меомаданд.

Киштзори  Худо барои  дарав  пухтааст.

  1. Дар ин миён шогирдон аз Ў илтимос карда, гуфтанд:“Эй Устод! Бихўр!“
  2. Ба онҳо гуфт:“Ман ғизое дорам, ки бихўрам, ва шумо онро намедонед“.
  3. Шогирдон ба якдигар гуфтанд:“Магар касе ба Ў хўраданӣ овардааст?“
  4. Исо ба онҳо гуфт:“Ғизои Ман ин аст, ки иродаи Фиристодаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ўро ба анҷом расонам.
  5. Оё шумо намегўед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид? Инак, Ман ба шумо мегўям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст.
  6. Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти ҷовидонӣ ҷамъ мекунад, то ки коранда ва даравгар бо ҳам шодӣ кунанд;
  7. Зеро ки дар ин маврид чунин сухан ҳаққонист, ки:’’Яке мекорад ва дигаре дарав мекунад’’.
  8. Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодаам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат карданд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед“.
  9. Ва аз рўи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд:“Ҳарон чи кардаам, Ў ба ман гуфт“, аз он шаҳр бисьёр сомариён ба Ў имон оварданд.
  10. Бинобар ин, чун сомариён пеши Ў омаданд, аз Ў хоҳиш карданд, ки назди онҳо бимонад; ва Ў ду рўз назди онҳомонд.
  11. Ва боз бисьёре аз рўи каломи Ў имон оварданд.
  12. Ва ба он зан гуфтанд:“Пас аз ин имони мо аз рўи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ў дар ҳақиқат Наҷотдиҳанди олам аст, яъне Масеҳ аст“.
  13. Пас аз ду рўз Ў аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд;
  14. Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайғамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст.
  15. Чун Ў ба Ҷалил омад, аҳли Ҷалил Ўро пазируфтанд, зеро ки он чи дар Ерусалим дар ид карда буд, дида буданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.

Шифо  ёфтани  писари  дарборӣ.

  1. Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷаил омад, ки дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд.
  2. Чун шунид, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил омадааст, назди Ў рафта, илтимос кард, ки писарашро шифо диҳад, ки вай дар дами марг аст.
  3. Исо ба вай гуфт:“Агар аломот ва мўъҷизоте набинед, имон намеоваред“.
  4. Дарборӣ ба Ў гуфт:“Эй Оғо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё“.
  5. Исо ба вай гуфт:“Бирав писарат зинда аст“.Вай ба суханоне ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд.
  6. Ва ҳангоме ки мерафт, навкаронаш вайро пешвоз гирифтанд, ва мужда дода, гуфтанд:“Писарат зинда аст“.
  7. Аз онҳо пурсид:“Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?“ Ба вай гуфтанд:“Дирўз дар соати ҳафтум табларза вайри тарк кард“.
  8. Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки исо ба вай гуфт:“Писарат зинда аст“. Ва худаш ва тамоми аҳли байташ имон оварданд.
  9. Ин мўъҷизаи дуюм буд, ки Исо баъд аз омаданаш аз Яҳудо ба Ҷалил нишон дод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s